Дар канали расмии Дмитрий Гордон дар YouTubе рӯзи 11 октябр мусоҳибаи муассиси нашрияи интернетии “Гордон” бо як зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ҷавоне бо номи Беҳрӯз - маҳбуси муассисаи ислоҳии низмаш сахт дар вилояти Самара дар бораи чӣ гуна ба ҷанг афтоданаш, ваъдаҳои ширкати хусусии ҳарбӣ (ЧВК)-и “Вагнер” ва чаро ба ақидаи ӯ, ба ин наздикиҳо ба охир нарасидани ҷанги байни Украина ва Русия нақл кард.

Ё ихтиёрӣ ё бо роҳи зӯрӣ

Лоиҳаи махсус дар ҳамдастӣ бо барномаи давлатии Украина оид ба ихтиёрӣ таслим шудан “Зиндагӣ кардан мехоҳам” бо дастгирии Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина омода шудааст.

Дмитрий Гордон аз макони нигаҳдории асирони ҳарбии Русия боздид мекунад.

Беҳрӯз ягона зодаи Осиёи Марказӣ нест, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бо Украина фиристода шудааст.

Танҳо аз як Тоҷикистон ҳудуди 100 шаҳрвандонаш ба фронт рафтаанд. Дар ин бора моҳи августи соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дода буд.

Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба маҳбусон маоши хуб, бекор кардани доғи судӣ сарфи назар аз муҳлати ҷазо ваъда мекунанд. Касеро бо хоҳиши худ ва чандеи дигарро, ба мисли Мақсад Қурбонов аз ноҳияи Рӯдакӣ зӯран мебаранд.

Моҳи феврали ҳамин сол пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мақсадро бо роҳи зӯрӣ аз зиндон дар Архангелск бурдаанд. Ба гуфтаи падари ӯ Файзулло, мард дар охирин суҳбаташ 4 моҳ пеш гуфтааст, ки “зиёда аз 100 нафар маҳбусонро ҷудо карда, зӯран ба Мариупол мефиристанд”. Мақсад ҳангоми задухӯрдҳо дар шаҳри Бахмут кушта мешавад.

Маъракаи азодории Мақсад Қурбонов, ки дар ҷанги Украина ҳалок шуд
Сурат: Cabar.asia

Дигар зодаи Тоҷикистон Зулфиқор Муҳиддинови 27-сола соли 2019 барои пулкоркунӣ ба Маскав меравад. Зулфиқор ният дошт, ки пул кор карда, ба Тоҷикистон бармегардад, лекин ба ҷойи ин ба зиндон меафтад.

Дар гуфтугӯи ахири телефонӣ бо оилааш мард мегӯяд, ки ӯ ва дигар маҳбусонро мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ ба ҷанги Украина фиристанд. Ӯ дигар ба алоқа намебарояд. Баъди 4 моҳ ба волидонаш аз Русия занг зада, мегӯянд, ки писарашон дар шаҳри Бахмут кушта шудааст.

Зулфиқор дар зодгоҳаш - деҳаи Яккатути шаҳри Ҳисор ба хок супурда шуд.

Маҳбусони ба ҷанг ҷалбшуда ё маъюб бармегарданд ва ё умуман барнамегарданд. Инро дар суҳбат бо Дмитрий Гордон Беҳрӯз низ тасдиқ мекунад.

“Боре “Вагнер” омад”

Беҳрӯз ҳамагӣ 26 сол дорад, лекин аллакай ду бор ба зиндон маҳкум шудааст. Ӯ соли 2013 дар синни 16-солагӣ ба Русия омадааст, то ки ба падараш ёрӣ расонад.

- Падарат ба чӣ кор машғул буд?

- Ӯ фермер буд. Ман аввал дар сохтмон ва сипас дар анборҳо кор мекардам. Тавре шуд, ки ҷиноят содир намуда, ба зиндон афтодам. Аввал вақте ки 19-сола будам, барои дуздӣ ва роҳзанӣ ба муҳлати 7,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудам.

- Куҷоро ғорат кардед? Хонаро?

- Бале хонаи як кормандро. Аз он ҷо маводу боз баъзе чизҳо гирифтем.

- Ин аввалин бор ба зиндон афтодани шумо буд?

- Бале. Муддати 5,5 сол адои ҷазо карда, тариқи озодшавии шартиву пеш аз муҳлат озод шудам ва боз назди падарам ба Новосибирск рафтам. Дар анбори интернет-мағоза 8 моҳ кор кардам. Ҳамин тавр шуд, ки боз ҷинояти марбут ба маводи нашъаовар содир намудам.

- Мефурӯхтед?

- Не, онро ба каси дигар додан лозим буд. Ба супурдани он фурсат наёфта, маро боздошт краданд. Ба 7,5 соли зиндони низомаш махсус маҳкум шудам. Як соли ҷазоро дар вилояти Самара, шаҳри Толятти адо кардам.

Ва боре “Вагнер” омада, одамонро ҷамъ кард ва гуфт, ки кумаки мо лозим аст. Аз зиндони мо 200 нафарро чамъ кард.

- Аз “Вагнер” кӣ омада буд?

- Пригожин. Гуфт, ки артиши Русия таслим шуда, ёрии мо лозим аст. Ӯ зиёда аз 200 нафарро ҷамъ кард.

- Ӯ чӣ ваъда кард?

- Ваъда дод, ки агар ним сол биҷангем, моро авф карда, ҳамаи доғи судиамонро бекор мекунанд. Ва боз пул ҳам пардохт мекунанд. Сарфи назар аз муҳлати ҷазо.

Беҳрӯз
Кадр аз навори видео

- Ӯ ба шумо чӣ гуна таассурот боқӣ гузошт?

- Мо гӯё дар ҳайрат будем: ин кист ва чаро омадааст. Вақте ки ӯ омад, он ҷо чархболҳо буданд, дари зиндон боз шуда, ӯ бо мошини сиёҳ ворид шуд. Дар майдони футбол ҳамаи маҳбусонро ҷамъ карда, шартҳоро ба онҳо фаҳмонд. Гуфт, ки ду нафар одамони худамро мемонам, кӣ хоҳад омада, худро номнавис кунад ва онҳоро ҳамроҳаш мебарад.

- Нагуфт, ки барои ӯ одамоне лозиманд, ки аз корду таппонча хуб истифода бурда метавонанд?

- Не, ӯ зиёда аз 200 нафарро ҷамъ карда, дарҳол гуфт, ки мо ба ҳамла меравем. Ҳатто ба хатти мудофиаи ҳам не. Шахсоне, ки розӣ шуданд, онҳоро бо худ гирифтанд. Баъдан пас аз як ҳафта одамони дигари “Вагнер” оомада, 15 нафарро бо худ бурданд.

- Шумо ба ҳамла рафтанӣ набудед?

- Не. Пас аз ин як шахс аз Вазорати мудофиа омада, гуфт, ки падару бобоҳои мо бо немисҳо ҷанг кардаанд ва агар мо зинда монем, бо сари баланд мегардем, чунки дар фронт будем. Ҳамчунин гуфт, ки мо хатти дуюми фронтро муҳофиазт мекунем, дар бораи ҳамла ин дафъа ҳам чизе гуфта нашуд.

Ва илова кард, ки дар муддати ним сол агар мо хоҳиш дошта бошем, уҳдадор мешавем, ки боз якуним соли дигар тариқи қарордод хидмат мекунем. Ваъда дод, ки мо пул ҳам мегирем. Ҳамин тавр, ӯ 80 нафарро гирифт.

Мо бояд 15 рӯз дар Ростов машқу омӯзиш мекардем ва сипас ба минтақаи амалиёти ҷангӣ мерафтем.

Барои омӯзиш ба Новая Ялта омадем, ба мо истифодаи яроқро нишон доданд. Лекин 15 рӯз - хоҳ-нохоҳ ин кам аст. Сипас моро ба хатти ҷангал фиристоданд. Бояд хандақ мекофтем ва мо ба ин кор машғул шудем.

Сипас дар мавқеи дигар хандақ кофта, вақте ки ба охир расонидем, ҳамааш ором буд, бомбандозӣ набуд, ҳеҷ ҷое намерафтем, ба ҷуз мағоза. Ҳамааш хуб буд. Ва боре ба мо гуфтанд, ки ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ гирем, гӯё ба ҳамла рафтан лозим аст. Ҳама ба даҳшат афтодем, кадом ҳамла?! Охир дар ин бора ягон гапе набуд-ку!

Моро 110-нафарӣ мебурданд, ба ин тариқ 5 взвод ташкил шуд. Вазифаи мо нигоҳ доштани хатти мудофиа муқаррар шуд. Вақте ки танкҳо омада, моро бомабандозӣ карданд, фармон доданд, ки ақибнишинӣ кунем.

Рӯзи дигар ба деҳаи Новодонетск рафтем. Он ҷо ҳам хатти мудофиаро нигоҳ доштан лозим буд. Он ҷо 10 рӯз истодем, аз ротаи мо талафот зиёд буд.

Ба мо гуфтанд, ки чизҳоямонро ҷамъ кунем, то ки ба хатти ҷангал равем. Бо гузашти чанде вақт аз 110 нафар 35 кас боқӣ монда, дигарон кушта ё захмӣ шуданд.

Чанде дар он ҷо истода, сипас гуфтанд, ки барои иҷрои вазифаи дигар меравем. Он замон аз ҳамаи ин ба тавре хаста шуда будам, ки моро ҳамту ҳамчун “гӯшт” истифода мебаранд.

Чӣ гуна метавон бо автомат ба муқобили танку миномёт ва дронҳо ҷанг кард? Баъд моро асир гирифтанд...

“Мурдаҳо аллакай панҷ рӯз хобида буданд”

- Шуморо чӣ гуна ба асирӣ гирифтанд?

- Мо се кас будем ва хеши як нафар аз мо дар Киев зиндагӣ карда, шиносҳои ӯ бар зидди Русия меҷангиданд. Ин шахс бо онҳо тамос гирифта, гуфт, ки моро метавонад наҷот диҳад, то ки ба “ҷанги пуршиддат” наафтем. Ба мо тариқи WhatsApp координатҳо фиристоданд, то ки ба мавқеи украиниҳо равем ва чӣ гуна беосеб аз майдонҳои минакоришуда гузарем.

Агар чунин имкон дар рӯзҳои аввал пайдо мешуд, ман дарҳол розӣ мешудам. Чунки вақте аз 110 нафар 35 кас боқӣ мемонад, ту ё ҷиддӣ ҷароҳат бардошта, бедасту по мемонӣ ё кушта мешавӣ. Роҳи дигар нест.
Дмитрий Гордон ва Беҳрӯз
Кадр аз навори видео

- Мурдаҳоро бисёр дидед?

- Бале. Мурдаҳоеро дидам, ки аллакай 4-5 рӯз хобида буданд. Рӯяшон сиёҳ шуда буд. Хеле сахт тарсидам, дилам беҳузур шуда, қай мекардам. Ба онҳо гуфтам, ки дигар намехоҳам дар ин ҳама иштирок кунам ва дигар намеравам. Ва нарафтам.

- Шумо ба худатон савол додаед, ки чаро Русия ба Украина ҳамла кард?

- Фаҳмидам, ки гап сари хоҳиш надоштани украиниҳо барои ҳамроҳ шудан ба Русия аст. Русия гуфтааст, ки агар шумо ба самти Аврупо равед, роҳ ба Русия ба рӯи шумо баста мешавад. Агар ба Русия оед, роҳ ба Аврупо баста хоҳад буд.

- Вақте ки ҷангро аз дохил дидед, дар бораи ин ҷанг ва чизи дидагиатон чӣ фикр доштед?

- Фикр доштам, ки ба одамон чӣ намерасад, ки бо ҳаёташон бозӣ мекунанд? Охир зиндагии дуюм дар рӯйи замин намешавад-ку.

- Ба Худованд (Аллоҳ) бовар доред? Ибодат мекунед?

- Бале. Ман мақсади худро дорам. Нақшаи ҷанг кардан надоштам, агар ман нияти ҳамлаву куштанро медоштам, вақте ки “Вагнер” бори аввал омад, розӣ мешудам. Боз он вақт ҳамагӣ ним сол буд. Ҳеҷ вақт ба самти Украина ягон тир холӣ накардаам.

- Мехоҳед, ки бори дигар ба фронт равед?

- Албатта, не! Кӣ мехоҳад?

- Ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳед?

- Пеш аз ҳама ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳам, 10 сол он ҷо набудам.

- Ба назаратон, ҷанг кай тамом мешавад?

- Вақте ки ҳукуматҳо байни худ ягон чиро ҳал мекунанд. Лекин ин ба муддати тӯлонӣ аст. Чунин ҳис мешавад, ки ҷанг ҳоло сар нашудааст. Алҳол ба ҷанг одамони одӣ рафта истодаанд. Агар касбиёни кори худро фиристанд, ки кайҳо боз меҷанганд ва мушакҳо истифода шаванд, ин ҷиддитар мешавад.

"То ки ҷоям ҷаннат бошад..."

- Дар бораи Путин чӣ фикр доред?

- Аниқ чизе гуфта наметавонам. Шояд дар ин бора, ки чаро ӯ ин ҳама корро мекунад.

- Ба украиниҳои ҳалокшуда дилатон намесӯзад?

- Ба ҳамаи ҳалокшудагон дилам месӯзад. Ба ҳар яки онҳо.

- Украиниҳо хонаи худро ҳифз мекунанд. Русҳо бошанд, ба хонаи мо омадаанд, то ки онро аз мо гиранд.

- То ки шумо ба Русия тобеъ шавед?

- Бале.

- Охир то соли 2014 ҳамааш чӣ гуна буд? Охир бо Русия дӯстӣ мекардед, тобеъ будед.

- Тобеъ набудем, лекин муносибатҳоямон муътадил буд. Ду кишвари мустақил: Украина ва Русия. Сипас онҳо омада, Қрим, Донбассро гирифтанд.

Ин ба назарашон кам расида, қарор доданд, ки тамоми Украинаро мегиранд. Киевро гирифтан мехостанд. Шумо чӣ гуна муносибат мекардед, агар онҳо қарор медоданд, ки Душанберо гиранд?

- Онҳо бе ин ҳам Душанберо гирифтаанд. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори Русия мебошанд. Ин аз аввал ҳамин хел буд. Онҳо муқобили касе ҷанг карда наметавонанд. Аҳолии мо ҳамагӣ 9 млн нафар аст. Аз дасти онҳо ҳеҷ коре намеояд.

- Ва артиш ҳам нест?

- 3 танку 1 чархбол. Аз ин рӯ, онҳоро лозим меояд, ки хомӯш бошанду иҷро кунанд.

- Вақте ки намоз мехонед, аз Аллоҳ чӣ дархост мекунед?

- Пеш аз ҳама, бахшидани гуноҳҳоям, ҳидоят кардани ман ба роҳи рост, халос кардан аз одамони баду ифлос. Ва то ки ҷоям дар ҷаннат бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.