Рӯзҳои 13 - 17-уми ноябри соли ҷорӣ “Ҳафтаи таҳсилоти байналмалмилалӣ - 2023”, ки бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд, ҷавонони тоҷикро гирд овард. Дар ин чорабинӣ ба наврасону ҷавонони тоҷик имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои Аврупову Осиё ва ИМА муаррифӣ гардиданд. 

Мо низ дар ин чорабинӣ иштирок карда, барномаҳоеро, ки барои таҳсил дар хориҷи кишвар мусоидат мекунанд ва дар ин ҳамоиш муаррифӣ шуданд, гирдоварӣ кардем.

Маркази таълимии “Мултикид”

Ин марказ дар самти машваратдиҳӣ ва интихоби барномаҳои таълимӣ барои таҳсил дар хориҷа фаъолият мекунад. “Мултикид” бо зиёда аз 100 муассисаи таълимӣ дар 12 кишвари ҷаҳон, мисли Канада, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кипри Шимолӣ, Малайзия ҳамкорӣ дорад. Барномаҳои марказ дар самти таҳсил дар хориҷа барои хонандагони синфҳои 10-11, донишҷӯёни зинаҳои гуногун ва дилхоҳ омӯзандагони забонҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳе тариқи яке аз барномаҳои марказ, “Мултикид” ба довталабон дар ҷамъоварӣ ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, гирифтани раводид, интихоби ҷойи зист ва суғурта кӯмак карда, барои санҷиши сатҳи забондонӣ имтиҳони ройгонро пешниҳод менамояд.

Марказ барномаҳои таълимии ройгон ва пулакӣ дорад.

Марказ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идораҳои худро дорад.


Сомона: www.multikid.tj, почтаи электронӣ: [email protected] 

Шаҳри Душанбе: кӯчаи Пушкин 10, ошёнаи 2 (назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)

Телефон: (+992) 93-579-70-05

Шаҳри Хуҷанд: маҳаллаи 26, хиёбони Тошканд.

Телефон: (+992) 92-649-50-05

“Campus France”

Барномаи мазкур имкони таҳсил дар Фаронсаро барои довталабони хориҷӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура пешниҳод мекунад. Талаботи асосӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Фаронса донистани забони фаронсавӣ аст.

Ба зинаи бакалавриат хатмкардагони мактабҳо, хонандагони синфҳои 11 ва донишҷӯёни соли охири коллеҷҳо имкони супоридани ҳуҷҷатҳояшонро доранд. Давомнокии таҳсил дар ин зина 3 сол аст. Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо довталаб ҳуқуқи интихоби як тахассус дар се донишгоҳро дорад. Ба довталабон донистани забони фаронсавӣ дар сатҳи TCF DAP B1 ва ё DELF B2 ҳатмист. Барои як соли таҳсил дар донишгоҳҳои давлатии Фаронса аз ҳисоби донишҷӯ аз 170 €  то 2770 € сарф мешавад, қисми дигари маблағи таҳсилро бошад, худи Фаронса пардохт мекунад.

Барои таҳсил дар зинаи магистратура хатмкардагон ва ё донишҷӯёни соли охири мактабҳои олӣ имкони супоридани ҳуҷҷатҳояшонро доранд. Давомнокии таҳсили магистрантон, вобаста аз ихтисосу донишгоҳи интихобнамуда, аз 1 то 2 солро ташкил медиҳад. Довталаб метавонад ҳуҷҷатҳояшро якбора ба якчанд донишгоҳ супорад. Барои таҳсил бо забони фаронсавӣ донишҷӯ бояд ин забонро дар сатҳи на поёнтар аз В2 балад бошад. Бояд гуфт, ки дар зинаи магистратура имкони таҳсил бо забони англисӣ низ вуҷуд дорад. 


Арзиши таҳсил дар донишгоҳҳои давлатии Фаронса барои магистрантон аз 200 то 3770 € аз ҳисоби худи донишҷӯ буда, қисми боқимондаи он аз ҳисоби Фаронса пардохт мегардад.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 12 А, Маркази фарҳангии Бохтар

Телефон: (+992 372) 221-25-58, (+992) 915-91-77-19

Почтаи электронӣ: [email protected] 

“Chevening”

Барномаи стипендиявии “Chevening” аз ҳисоби Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир маблағгузорӣ шуда, барои донишҷӯён аз саросари ҷаҳон имкони таҳсилро дар донишгоҳҳои британиявӣ фароҳам меорад. Барнома маблағгузории пурраи таҳсилро ба уҳда дошта, танҳо барои донишҷӯёни зинаи магистратура пешбинӣ гардидааст. 

Барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба барномаи “Chevening” доштани дипломи бакалавр ва таҷрибаи кории дусола аз рӯйи ихтисос ҳатмист. Ба таҷрибаи корӣ фаъолияти волонтёрӣ, давраи таҷрибаомӯзӣ ва кори нимбаста низ дохил мешаванд. Аз ин рӯ, донишҷӯёни соли охир низ, дар сурати доштани чунин таҷриба, метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро барои дарёфти стипендия пешниҳод кунанд.

Раванди имтиҳон ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз ду давра иборат аст. Довталабонро мебояд аввал ҳуҷҷатҳояшонро барои дарёфти стипендия “Chevening” супоранд. Пас аз дарёфти стипендия довталаб метавонад донишгоҳи мақбулашро интихоб намуда, бевосита худаш ба он ҷо ҳуҷҷат супорад. Муҳлати таҳсил як сол аст. 

Илова бар ин, “Chevening” хароҷоти донишҷӯёнро барои парвоз ва гирифтани раводид пӯшонида, онҳоро бо стипендияи ҳармоҳа ва кӯмаки моддӣ барои будубош дар Британия таъмин менамояд.


Сомона: www.chevening.org

“Global UGRAD”

Барномаи мубодилаи донишҷӯён “Global UGRAD” аз ҳисоби Департаменти давлатии ИМА дар самти таълим ва фарҳанг маблағгузорӣ шуда, имконияти мубодилаи донишу таҷрибаро барои донишҷӯёни зинаҳои гуногун дар муддати як семестри таълимӣ пешниҳод менамояд. “Global UGRAD” имкони таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои Амрико пешниҳод мекунад, вале гирифтани дараҷаи илмиӣ дар охири барнома пешбинӣ нашудааст. Барои пайдо намудани имкони таҳсил дар ИМА тариқи барномаи “Global UGRAD” донишҷӯёни синнашон аз 18-сола боло метавонанд ҳуҷҷат супоранд.

Айни ҳол, “Global UGRAD” қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз кардааст. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро то 15-уми декабри соли ҷорӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Телефон: (+992 37) 229-20-00, 2-36-03-06

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи И. Сомонӣ 109-А

Deutscher Akademischer Austauschdienst (DAAD)

Барномаи стипендиявии шуъбаи мубодилаи академикии олмонӣ - DAAD имкони таҳсили ройгонро дар донишгоҳҳои давлатии Олмон барои донишҷӯёни зинаи магистратура ва доктарантура пешниҳод мекунад. DAAD арзиши пурраи таҳсилро рӯйпӯш намуда, стипендия ва қисман хароҷоти нақлиёти донишҷӯёнро пардохт менамояд. 


Дар озмуни дарёфти стипендия магистрантон ва докторантоне, ки донишгоҳро дар 6 соли охир хатм кардаанд, иштирок карда метавонанд. Барои довталабон донистани забонҳои англисӣ ё олмонӣ дар сатҳи В2/С1 ҳатмист. Талаботи дигар барои давталабон чунин аст, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба барномаи стипендиявӣ, онҳо бояд аллакай ба яке аз донишгоҳҳои давлатии Олмон қабул шуда бошанд. Яъне барнома танҳо маблағгузории таҳсилро бар уҳда дорад, ёфтани донишгоҳ ва дохилшавӣ ба он ба зиммаи худи довталаб аст. 

Телефон: (+992 37) 2-27-65-65

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Афсаҳзод, 107

Почтаи электронӣ: [email protected] 

US-CAEF (US - Central Asia Education Foundation)

Барномаи стипендиявии Департаменти давлатии ИМА барои донишҷӯёни ташаббускори Осиёи Миёна - Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Миёна дар Бишкеки Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Барномаи мазкур арзиши пурраи таҳсил, манзил ва хароҷоти нақлиётро маблағгузорӣ карда, ба донишҷӯён стипендияи ҳармоҳа пардохт мекунад. 

Довталабони риштаи иқтисод, идораи соҳибкорӣ, технологияи иттилоотиву математикаи амалӣ ва муҳандисии барномавӣ метавонанд барои дарёфти ин стипендия ҳуҷҷат супоранд. Хоҳишмандон метавонанд то 15-уми январи соли 2024 ҳуҷҷатҳояшонро супоранд.

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.