Дар оғози соли ҷорӣ Хадамоти алоқа ваъда дода буд, ки сифати интернетро беҳтар ва қимати онро арзон мекунанд. Як моҳ баъд сол ба охир мерасад, вале сифату суръати интернет беҳ намешавад. Раиси Хадамоти алоқа бошад ҳар ҳафта ҷаласае баргузор карда, беҳ кардани сифату суръати интернетро тақозо мекунанд.

Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон аз сифат ва суръати пасти интернет дар кишвар изҳори норозигӣ карда буд. Аз ҷумла, дар мавриди дастрасӣ надоштани меҳмонони кишвар ба интернети баландсифат гуфта буд, ки  “сайёҳон бештар ба куҷо мераванд? Дар ҷое, ки интернети хуб вуҷуд дорад”.

Ӯ ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар ин самт фаъолиятдошта ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқа, арзон кардани арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва таъмини дастрасии интернети баландсуръат дар тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ваъдаи Хадамоти алоқа

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 30-юми январи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.

“Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи мушаххаси рушд дорад. Айни замон кормандони Хадамот ба омӯзиши масъалаи фарогирии интернет дар шаҳру навоҳии кишвар машғуланд”, - гуфта буд ӯ.

Атоев ҳамчунин илова кард, ки сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур барои ошноӣ бо вазъи фарогирии интернет дар манотиқи баландкӯҳ ба Мурғоб рафтааст. Баъдан, номбурда гуфт, ки дар Мурғоб то ҳол танҳо интернети 2G фаъол аст.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 пойгоҳ барои интернети 4G вориди Тоҷикистон шавад.

“Танҳо дар марҳилаи аввали рушди инфрасохтор ҷумҳурӣ ба 500 пойгоҳ ниёз дорад. Мушкилот дар он аст, ки аксари одамон иҷоза намедиҳанд, ки пойгоҳҳо дар наздикии хонаашон насб карда шаванд”, - гуфт Илҳом Атоев.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Хадамот ваъда дод, ки дар ояндаи наздик нархи интернет ба далели роҳҳои алтернативӣ поин хоҳад рафт, зеро иқтисоддонҳо ин масъаларо меомӯзанд.

То имрӯз маълум нест, ки пойгоҳҳои ваъдашуда ба Тоҷикистон ворид ва ба истифода дода шудаанд ё на? Вале маълум аст, ки нархҳо ҳанӯз паст нашудаанд.

Карикатура аз сомонаи ulovist.ru

Нархи гарону суръати паст

Тибқи рейтинги байналмилалии Speed ​​​​Test, то моҳи декабри соли 2022 суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 8,55 мегабит буда, дар ҷаҳон ҷои 137-умро ишғол мекунад. Яъне вазъ дар Тоҷикистон аз Афғонистону Куба ва Венесуэла бадтар аст.

Бояд гуфт, ки вазъи интернети ноқилӣ нисбатан беҳтар аст: суръати он 26,64 мегабит дар як сония буда, дар ҷои 118-ум дар ҷаҳон аст.

Бино ба ииттилои ҳамин пойгоҳи хабарӣ, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар моҳи сентябри соли 2023 9,76 мегабит буда, дар ҷои 137-ум қарор дорад. Суръати интернети ноқили 24,45 мегабит дар як сонияро ташкил медиҳад.

Нархи интернет низ дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қиматтарин боқӣ мемонад.

Тибқи нархгузории Worldwide data mobile, арзиши миёнаи як гигабайт интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 1,65 долларро ташкил медиҳад ва мо дар ҷаҳон дар ҷои 142-юм қарор дорем.

Интернети гаронтарин дар кишвар - 13,64 доллар нарх дорад.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз рӯи қимати интернети мобилӣ (барои 1 ГБ) дар ҷойи дуюм аст:

Туркманистон - $11,42 (ҷойи 231)

Қирғизистон – $0,17 (ҷойи 8)

Узбакистон – $0,30 (ҷойи 22)

Қазоқистон - 0,41 доллар (ҷойи 35)

Зимнан, бояд зикр намуд, ки арзонтарин интернет дар Исроил аст, ки арзиши як гигабайти он 2 сент аст.

Мушкил меафзояд

Тавре як манбаъ аз ниҳоди зиддахл бо шарти ифшо нашудани номаш ба  “Азия-Плюс” гуфт, мақомот ҳангоми сохтмон дар саросари кишвар ба биноҳои баландошёна афзалият медиҳанд. Биноҳои баландошёна дар навбати худ ба кори пойгоҳҳои асосӣ халал ворид мекунанд. Ин ба зангҳои телефонӣ ва ҳам кори интернет халал эҷод мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар шаҳри Душанбе ширкатҳо бояд ҳудуди 70 дарсади пойгоҳҳои худро нав кунанд. Гузашта аз ин, агар қаблан барои як бино як пойгоҳ истифода мешуд, ҳоло барои як бинои баландошёна се истгоҳ лозим аст, ки ҳар кадоми он 50 ҳазор доллар арзиш дорад.

“Ҳоло ширкатҳои мобилӣ барои рушди тиҷорат маблағ надоранд, худашон ҳам таваҷҷӯҳ надоранд. Ҳама ширкатҳои мобилии мо хусусӣ ҳастанд, онҳоро маҷбур карда наметавонед, чун онҳо метавонанд тиҷоратро банданд”, - мегӯяд манбаъ.

Даромади ширкатҳои хусусии мобилӣ дар охири соли 2022 2,9 миллиард сомонӣ (282 миллион доллари ИМА)-ро ташкил додааст. Барои муқоиса: тақрибан даҳ сол пеш, яъне дар соли 2013 ин рақам 500 миллион долларро ташкил медод. Яъне дар ин солҳо даромади ширкатҳои мобилӣ ду баробар коҳиш ёфтааст.

Ӯҳдадориҳои андоз низ ба арзиши интернет таъсир мерасонанд. Дар соли 2010 ҳукумат андози аксизтӣ 3 дарсад барои алоқаи мобилӣ ва интернетро тасдиқ кард, дар соли 2014 андози аксизӣ то 5 дарсад ва дар соли 2022 то 7 дарсад боло рафт.

Манобеъи наздик ба Хадамоти алоқа мегӯянд, дар ҳоли ҳозир масъалаи то 10 дарсад боло бурдани андози аксизӣ баррасӣ мешавад.

Мушкили дигар ин аст, ки бисёриҳо ба далели партовҳои радиатсионӣ насб кардани пойгоҳ дар манзили худро иҷоза намедиҳанд (бояд гуфт, ки замоне худи мақомот дар бораи зарари алоқаи мобилӣ ба саломатӣ гуфта буданд).

Дар деҳот боз як мушкил ҳаст: лимити барқ дар зимистон.

Дар пайи қатъи барқ минтақаҳои алоҳида аз алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд, зеро на ҳамаи ширкатҳои интернетрасон пойгоҳҳои худро ҳамеша бо дарстгоҳҳои барқдиҳӣ таъмин мекунанд.

Аммо бузургтарин дарди сар барои баланд бардоштани суръати интернет Маркази ягонаи коммутатсионӣ мебошад, ки соли 2018 ба фаъолият оғоз кардааст.

Ин марказ дар назди ҶСК “Тоҷиктелеком”, як воҳиди Хадамоти алоқа ташкил шудааст ва ҳуқуқи истисноии хариду паҳн кардани интернетро дорад. Ҳама операторони мобилӣ интернетро аз ин марказ мехаранд ва ба муштариёни худ мерасонанд.

Қаблан ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон мустақиман аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Чин бо нархи мувофиқ интернет ворид мекарданд.

Ҳоло ин марказ ҳамаи интернетро ба кишвар ворид мекунад ва бинобар зиёд будани трафики интернети тавассути як равзана воридшаванда, сифату суръати он паст мешавад.

Илова бар ин, соли 2019 ширкатҳои мобилӣ нишон доданд, ки бидуни миёнаравҳо интернетро бо нархи як гигабит аз 10 то 20 ҳазор доллар харидорӣ кардаанд. Танзимкунанда бо истинод ба сирри тиҷоратӣ аз гуфтани он, ки Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳоло бо кадом нарх интернет мефурӯшад, худдорӣ мекунад. Аммо, ба гуфтаи ширкатҳои мобилӣ, арзиши як гигабит аз ин марказ 53 ҳазор доллар аст, ки ин ба нарх таъсир мерасонад.

Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 15-уми ноябр Хадамоти алоқа ба ду ширкат барои интиқоли интернети баландсуръат тавассути шабакаҳои байналмилалӣ иҷозатнома дод. Онҳо ҶСП “ТТ Мобайл”, ки бо тамғаи “МегаФон Тоҷикистон” хидмат мерасонад ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ки бо бренди “Tcell” хидмат мерасонад. Иҷозатнома то июли соли 2027 дода шудааст. Дар гузориш таъкид гардидааст, ки “ширкатҳо рӯзҳои наздик ба ворид кардани интернети баландсуръат дар Тоҷикистон шурӯъ мекунанд”.

“Азия-Плюс” аллакай барои гирифтани тафсилот бо ин ширкатҳо муроҷиат кардааст ва мо умедворем, ки дар ояндаи наздик маълумоти муфассал нашр хоҳем кард.

Акси марбута
Акс аз Газета.Ру

Дасти ёрии Бег Сабур...

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, аз охири моҳи октябр то ҳол ҳар ҳафта ҷаласаҳое баргузор карда, талош дорад манотиқи бидуни интернет ва иртиботро мушаххас кунад.

Гузоришҳо дар бораи вохӯриҳои ӯ бо масъулин ҳар ҳафта дар сомонаи ин ниҳод нашр мешавад.

Дар ҷаласаи аввал ӯ дастур дод, ки дар давоми як ҳафта минтақаҳои бе интернету иртибот муайян ва ҳарчи зудтар мушкилот бартараф карда шаванд. Баъд, ба роҳбарони соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш дод, ки барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа ва таъмини тамоми минтақаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет корҳои амалиро суръат бахшанд.

Бег Сабур ҳамчунин аз намояндагони ниҳодҳои қудратӣ даъват кард, ки иҷрои дастурҳои раиси ҷумҳури кишварро дар ин замина назорат кунанд.

Дар мулоқоти сеюм, ки рӯзи 10 ноябр баргузор шуд, гуфта шуд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд таъмин намудани ҷумҳурӣ бо интернет ва алоқаи мобилӣ ҳамдигарро дастгирӣ хоҳанд кард.

... аммо умеди охирин ба Илон Маск аст?

То ҳол маълум нест, ки кӯшишҳои Бег Сабур то чӣ андоза муваффақ хоҳанд шуд. Чун, мо ин ваъдахоро 10 соли охир мешунавем.

Аммо хушхабаре ҳаст - харитаи дастрасии интернет дар сомонаи интернетии моҳвораии Starlink, ки ба миллиардери амрикоӣ, роҳбари “SpaceX” Илон Маск тааллуқ дорад, нишон медиҳад, ки интернети ин ширкат дар Тоҷикистон соли 2024 дастрас хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ин ширкат интернети баландсуръат - интернети моҳвораии Starlink аз 50 Мбит/с то 150 Мбит/с-ро пешниҳод мекунад. Суръати “Starlink Business” аз 150 то 500 Мбит/с аст. То моҳи майи соли 2023 “Starlink” зиёда аз 1,5 миллион муштарӣ дошт.

Чанде пеш муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс” гуфт: “Мо нақша дорем, ки ҳар гуна системаро барои беҳбудии зиндагӣ дар кишварамон ҷорӣ кунем, аз ҷумла “Starlink”.

Ва рӯзи 15-уми ноябр Хадамоти алоқа дар сомонаи худ эълон кард, ки дар ояндаи наздик аз Чин интернети баландсуръат ворид мекунад.

“Ин иқдом дар доираи лоиҳаи сохтмони масири нақлиётии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма сурат мегирад. Барои зудтар амалӣ намудани робитаи мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистону Чин айни замон корҳои амалӣ бо суръати баланд идома доранд”, - навишт ин ниҳод.

Аммо дар хабар оид ба ширкатҳои мушаххасе, ки лоиҳаро амалӣ хоҳанд кард, арзиш ва манобеъи маблағгузорӣ ва ҳамчунин мӯҳлати анҷоми он сухан намеравад.

Дар замони нашри матлаб ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки барои шарҳи бештар бо хадамот тамос бигирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.