Дар Таймс-сквери маъруф дар маркази шаҳри Ню-Йорк наворҳои таблиғӣ (рекламавӣ) дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд, ки таваҷҷуҳи бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб карданд.

Дар муддати 24 соат дар лавҳаи бузургтарини Таймс-сквер дар Ню-Йорк наворҳои видео дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Трэвел” Умедшоҳ Саидов хабар дод.

“Иқдоми мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Наворҳо (роликҳо) рӯзи 12 декабр ҳар 9-ум дақиқаи соат дар муддати 24 соат намоиш дода шуданд. Наворҳои касбӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии ВВС дар остонаи ҷашни солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҳия шуда буданд”, - изҳор дошт Саидов.

Қобили зикр аст, ки Таймс-сквер яке аз ҷойҳои сертамошобини сайёҳон дар ҷаҳон ба шумор рафта, ҳар сол ҳудуди 50 млн нафар аз он боздид мекунанд. Майдонро «чорроҳаи ҷаҳон» меноманд ва ҳамарӯза аз он беш аз 300 ҳазор пиёдагардон ва 115 ҳазор ронандаву мусофир мегузаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.