Сокини 24-солаи Украина Алексей Новиков ба унвони пурқувваттарин шахси сайёра - World Strongest Man соҳиб шуд, менависад Укринформ.

Ҳангоми мусобиқа дар Брейдентон (Флорида, ИМА) Новиков дар қувваозмоии кашидан (тяга) аз уҳдаи вазни 537,5 кило баромада, рекорд гузошт.

Ӯ ҷавонтарин варзишгари дунё мебошад, ки ин унвонро ба даст овард.

Новиков пас аз Василий Вирастюк аввалин украинист, ки солҳои 2004 ва 2007 мақоми пурқуваттарин шахси дунёро ба даст оварда буд.

Ду моҳ пеш Алексей бо бохт ба Павел Кордияка унвони пурқувваттарин шахси Украинаро аз даст дода, акнун дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ин мақомро барои худ баргардонд.

Натиҷаҳои мусобиқаи World Strongest Man

1. Алексей Новиков (Украина);

2.Том Столтман (Британияи Кабир);

3. Жан-Франсуа Карон (Канада).

Сурат: facebook.com/theworldsstrongestman

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.