Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден баъди аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати “Толибон” рӯзи якшанбе тасарруф шудани кохи президент дар Кобул ва идораи кишварро ба даст гирифтани онҳо, дар бораи вазъият дар Афғонистон изҳори назар кард.

Пахши суханронии президент дар аккаунти расмии сарвари давлат дар Twitter намоиш дода шуда, матни пурраи он (бо забони англисӣ) дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шудааст.

Тавре Медуза хабар медиҳад, зимни суханронӣ Ҷо Байден гуфтааст, ИМА ба Афғонистон 20 сол пеш барои ҳисоббаробарӣ бо нафарони дастдошта дар амалҳои террористии 11 сентябр омадааст, то муътақид гардад, ки “Ал-Қоида” Афғонистонро наметавонад ҳамчун пойгоҳ барои ҳамлаҳо истифода барад. “Мо аз уҳдаи ин кор баромадем”, - иброз доштааст ӯ.

“Ҳадафи мо ҳеҷ гоҳ кумак ба афғонҳо дар бунёди давлати худ набуд. Агар нерӯҳои афғон намехоҳанд худашон мубориза баранд, пас амрикоиҳо набояд дар ҷанги бегона иштирок кунанду ҷон диҳанд”, - гуфтааст президенти ИМА.

Ҷо Байден изҳор доштааст, ки ИМА триллион доллар масраф намуда, ба афғонҳо ҳама чизро дод, то ки мустақилона ояндаашонро муайян кунанд, “лекин хоҳишу иродаи барои ин оянда мубориза бурданро мо дода наметавонем”.

“Агар Афғонистон мустақилона ҷиҳати муқовимат бо “Толибон” қодир набошад, пас на як солу на панҷ ва на бист соли ҳузури иловагии ИМА ба онҳо кумак карда наметавонад, - иброз доштааст ӯ. - Кӯшиши дубора дигаргун сохтани кишвари хориҷӣ бо ҷойгиркунии беохири нерӯҳои амрикоӣ кори хатост”.

Ӯ зикр кардааст, ки иштирок дар ин низоъ ба манфиати ИМА набуда, рақибонаш - Русия ва Чин хурсанд мебуданд, агар ИМА ба харҷи триллионҳо доллар барои Афғонистон идома медод.

“Чизе, ки ҳоло дар ин кишвар ҷараён дорад, писандам нест, лекин ба тасмими худ мутмаинам. Мо вазифадорем, ки кӯчиданро анҷом диҳем ва пас аз он ҷанг барои мо хотима меёбад”, - изҳор доштааст Ҷо Байден.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.