Ширкати Huawei амалисозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» (Seeds for the Future)-ро дар бахши Технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар Тоҷикистон оғоз намуд.


Ба ин муносибат ахири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи Hayatt Regency Dushanbe бо иштироки директори генералии ширкати Huawei дар Тоҷикистон Чжу Тянсин, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Бобоев, директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов, нахустин иштирокчиёни лоиҳа ва намояндагони ВАО нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар доираи амалисозии ин барнома, ки ба омӯзиши кормандони давлатии ҷавон ва ояндадор дар бахши ТИК нигаронида шудааст, рӯзи 2 октябр аллакай 10 нафар иштирокчиёни барнома ба давраи омӯзишии дуҳафтаина ба Чин раҳсиапор шуданд, ки дар он ҷо бо мероси фарҳангиву таърихии Чин аз наздик шинос шуда, аз марказҳои намоишгоҳӣ ва озмоишгоҳҳои инноватсионии ширкати Huawei боздид мекунанд.


- Ҳарчанд имрӯз технологияҳои мо ба 85%-и корбарон аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон хизматгузорӣ кунанд ҳам, мо дар фикри онем, ки барои рушди индустрияи телекоммуникатсионии Тоҷикистон боз чӣ саҳме гузошта метавонем, то ки рушди дарозмуҳлат таъмин карда шавад, - гуфт директори ширкат Чжу Тянсин.


Ба гуфтаи номбурда, роҳандозии барномаи иҷтимоии «Мутахассисон барои оянда» яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат буда, ба масъалаи омодасозии мутахассисон дар бахши ТИК дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.