Даромад аз амалиёти ширкати Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ дар семоҳаи сеюми соли равон бинобар сабаби даъвати баргардонидани смартфонҳои Galaxy Note 7 ба иллати мушкилот дар батареяҳояшон ба андозаи 30% поин рафта, 4,57 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти RNS, дар воҳиди мобилӣ даромад аз амалиёт 90 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки камтарин аз семоҳаи чоруми соли 2008 аст.

Дар ҳамин ҳол, пули фурӯши Samsung дар семоҳаи сеюм ба миқдори 7,5% кам шуда, 43 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар воҳиди мобилӣ даромад аз фурӯш 15,3% - то 20,29 млрд. доллари ИМА поин рафтааст.

Дар ширкати Samsung беҳтар шудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, аз ҷумла даромади воҳиди мобилиро дар семоҳаи 4-ум интизорӣ доранд.