Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи ӯзбек Дилфуза Исмоилова таронаи "Бигзор, султони ин сарзамини зебо солим бошад"-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ доранд. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Мирзиёев "бо амри дил" суруда шудааст.

"Ҳамроҳ бо Тоҳир Муҳаммад аз дидани корҳои неки президентамон Шавкат Мирзиёев ба ваҷд омада, таҳияи сурудро оғоз кардем. Тоҳирҷон як матни хуб навишту оҳанги онро Рустам Тулашов сохт ва мо онро моҳи декабр сабт карда, клиперо ҳам ба навор гирифтем ва ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардем", - афзуд Исмоилова.

Узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон мусиқишинос Равшанбек Матжонов мегӯяд, дар давраи президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов таҳияи сурудҳои ситоишӣ ташвиқ намешуданд ва ҳатто бархеи овозхонҳо барои ин гуна таронаҳояшон ҷазо мегирифтанд.

"Сурудҳои ситоишӣ ба эфири телевизионҳои асосӣ ва чорабиниҳои расмии консертӣ роҳ намеёфтанд. Мурод Муҳаммад Дӯст, сухангӯи президенти нахустини Ӯзбекистон ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов хондани ин гуна таронаҳоро манъ карда буданд. Албатта, бархеи сарояндаҳо мехонданд, вале онҳоро ба саҳнаи бузург роҳ намедоданд", изҳор дошт Матжонов.