Дар хонаи миллиардер Алишер Усмонов дар шаҳри Тошканд рӯзи 27-уми сентябр тӯйи пурдабдабае бо ҳузури овозхонҳои маъруфи Русия баргузор шуд.

Ҷияни Усмонов - Сарвар (писари хоҳари хурдии миллиардер) бо духтари сиёсатмадор ва собиқ номзад ба мансаби президентии кишвар Дилором Тошмуҳаммедова издивоҷ кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон робитаи хубу наздики олигархҳои ӯзбек бо намояндагони мақомот мушоҳида намешуд.