Дар Ӯзбекистон ба ивази раводиди 7-15-рӯзаи пешин ба муҳлати 30 рӯз раводиди ягонаи сайёҳӣ ҷорӣ шуд.

Бино ба иттилои UzReport бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон, қаблан сайёҳон ба муҳлати 7 ё 15 рӯз раводидҳои гуногун мегирифтанд ва агар бо сабабе бозгашташон тӯл мекашид, муҳлати раводидро дароз мекарданд.

Мансабдорон бар ин назаранд, ки раводиди нав ба муҳлати 30 рӯз ба камшавии чунин ҳолатҳо мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, арзиши ба расмият даровардани раводид барои сайёҳони инфиродии хориҷӣ аз 60 то 40 доллар поин бурда шуда, шумори ҳадди ақал ҷиҳати ба даст овардани раводиди гурӯҳии бештар муносиб аз 10 то ба 5 нафар кам шуд.

Гуфта мешавад, ин барои шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамроҳ бо хешону пайвандон ё дӯстонашон аз Ӯзбекистон боздид карданӣ мешаванд, муносибтар ва қулай аст. Аксар вақт шумори ин гурӯҳҳо то 10 нафар намерасад.