Ӯзбекистону Қирғизистон ҷузъиёти сохтмони муштараки нерӯгоҳи Қамбарота-1-ро баррасӣ мекунанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Дониёр Сидиқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Ӯзбекистон хабар додааст.
"Ӯзбекистон дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ширкат мекунад. Ин созиш рӯи коғаз намондааст, балки амалӣ мешавад. Гуруҳи кории лоиҳаи мазкур нахустин мулоқотро дар шаҳри Тошканд анҷом дод ва қадамҳои минбаъдаро баррасӣ кард", - гуфтааст сафир.
Ба ақидаи вай, ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ хоҳад буд, ки дар он бояд ҳамаи масъалаҳо ҳал, ҳамдигарфаҳмӣ таъмин ва манфиатҳои ҷонибҳо ба назар гирифта шавад.
"Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар ин лоиҳа ҳам бо техникаҳояш ва ҳам бо зарфиятҳои молиаш ширкат карда метавонад", - изҳор доштааст сафир.
Гуфта мешавад, ибтидои моҳи декабри соли ҷорӣ Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавриди ҳамкории муштарак дар сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ёддошт имзо карданд.
Қобили зикр аст, ки Қамбарота-1 бузургтарин тарҳи нерӯгоҳи обии Қирғизистон аст. Президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мухолифи бунёди ин неругоҳ буд. Каримов бар ин назар буд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи мазкур мақомоти Қирғизистон метавонанд, оби дарёро банданд ва Ӯзбекистон аз обёрии заминҳои кишоварзиаш маҳрум шавад.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста