Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласа бо сарвазиру муовинонаш, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳои марбута ба мақомоти дахлдори кишвараш дастур дод, ки Интернетро арзон ва босуръаттар кунанд.

"Ба ман хабар расид, ки дар кишвари мо 20 миллион одам аз Интернет истифода мебарад. Аммо ба далели маҳдуд будани хизматрасониҳо дар ширкатҳои миллии интернетӣ аксари сокинон танҳо ба муколама дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" машғул ҳастанд", - гуфтааст Мирзиёев.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҷаласаи мазкур гуфта шудааст, ки дар кишварҳои ИДМ суръати миёнаи интернет нисбати Ӯзбекистон 10 баробар болотар аст.

ПРезиденти Ӯзбекистон ба масъулони ҳукуматаш супориш додааст, ки арзиши Интернет кам, суръат ҳадди ақал 4 баробар баланд ва то соли 2020 ба сатҳи кишварҳои ИДМ расонида шавад.