Набераи калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова - Ислом Каримови 25-сола аз ҳукумати Британияи Кабир дархости паноҳандагӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ, вай як моҳ пеш дархосташро ба мақомоти Бритониё супурдааст.

Гуфта мешавад, Ислом Каримови хурдӣ аз замоне, ки модараш Гулнора Каримова дар Ӯзбекистон таҳти таъқиб қарор гирифт, зиндагиро дар Британия ихтиёр кард. Гулнора Каримова то кунун дар Ӯзбекистон зиндонист.

Тобистони соли гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Гулнораро бо айбномаи саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои ширкати офшорӣ 5 сол зиндонӣ кардааст.

Баъдтар зидди Каримова ба иттиҳоми қаллобӣ, рӯйпӯш кардани асъори хориҷӣ, риоя накардани қонунгузории гумрук ва қонунигардонии даромадҳо бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада чанд парвандаи дигар кушода шуд.