Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 март - дар Рӯзи "Ак калпак" ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ - як тонна бешбармоқ таҳия мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, гуфтааст, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд.

Гуфта мешавад, таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. "Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад", - гуфтааст Кулуева.

Вай илова намудааст, ки барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Таҳия кардани ғизо ду рӯзро дар бар мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2015 Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармак рекорд гузошта буд. Ҳамакнун Бишкек мехоҳад, он рекордро бишканад.

Дар ин чорабинӣ иштироки нахуствазир ва раиси парлумони кишвар, раиси шаҳри Бишкек ва сафирони 17 намояндагиҳои хориҷӣ дар назар аст.