Имомхатибон ва кормандони Идораи мусулмонони Ӯзбекистон (ИМӮ), ки ба манзили зист ниёз доранд, аз тарафи давлат ройгон бо хона таъмин карда мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин нукта дар фармони нави президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев "Дар бораи тадбирҳои такмилдиҳандаи фаъолияти динӣ ва таълимӣ" зикр шудааст, ки 16 апрел ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар назди ИМӮ бунёди хайриявии "Вақф" таъсис ёфта, аз ҳисоби он ба кормандони идора ва имомхатибон маош дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки илова бар ин, имомхатибоне, ки дар фаъолияти худ пешсаф буда, аз дигарон фарқ мекунанд ё ба манзили зист ниёз доранд, ройгон бо хона таъмин хоҳанд шуд.