Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон дар робита ба сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон равуо давоми ду рӯз қатъ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 24 апрел Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҳамтои туркманашро дар шаҳри Урганҷ пешвоз гирифт.

"Духтари ман ҳамарӯза аз ноҳияи Хонкин ба шаҳри Урганҷ меравад, зеро дар онҷо таҳсил мекунад. Ду рӯз аст, ки вай ба хона баргашта наметавонад ва дар манзили ҳамдарсонаш шабро рӯз мекунад. Духтари ман дар коллеҷ таҳсил дорад. Вай тамос гирифту гуфт, ки тамоми рӯз дар кӯча истода, президентҳоро пешвоз гирифтаанд", - иброз доштааст як сокини ноҳияи Хонкини вилояти Хоразм.

Гуфта мешавад, донишҷӯён аз вилояти Хоразм хабар додаанд, ки роҳбарони мактабҳои олии вилоят ба донишҷӯён дарстур додаанд, ки соати 9 субҳ ба кӯчаҳои Урганҷ баромада, то 9 бегоҳ интизор шаванд.

Зикр мегардад, ки донишомӯзони донишгоҳҳои Урганҷ ва Хеваро дастур додаанд, ки ба пешвози президенти Туркманистон бо либоси махсус бароянд.

Ёдрас мешавад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари дурӯзаи давлатӣ 23 апрел вориди Ӯзбекистон шуда буд.