Ҳангоми боздид аз ипподром ба муносибати ҷашни Рӯзи ахалтекин рӯзи якшанбеи охири моҳи апрел президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар яке аз гуфтугӯҳои хеле камшуори худ бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Россия-24» мусоҳиба орост.

Бино ба иттилои CA-NEWS бо истинод ба хадамоти матбуоти сарвари давлати Туркманистон, зимни мусоҳиба Бердимуҳаамедов изҳор доштааст, ки ҳамаи туркманҳо модарзод аспсаворанд. Ӯ муҳим будани мунсибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мавқеи фаъоли кишвар дар ИДМ-ро таъкид намуд.

 «Аспсаворӣ дар ҳаёти сиёсӣ ҳам кумак мекунад. Ман ҳамеша худро аспсавор ҳисоб мекунам ва халқамро ба пеш мебарам. Чӣ магар Владимир Владимирович аспсаворӣ намекунад? Ӯ ҳам аспсаворӣ мекунад», - гуфтааст Бердимуҳаммедов.

Мусоҳиба дар партави чорабинии оммавӣ бо овоздиҳии «Аркадага шохрат!» (Шараф ба Аркадаг) сурат гирифт. Тавре бо ишрра ба донишҷӯён аз ин чорабинӣ президент изҳор дошт: «Ин хусусияти миллиро мебинед, шумо шояд гумон кунед, ки мо онҳоро маҷбур кардаем. Инро худашон мехоҳанд. Онҳо мактабҳои олиро хатм карда, ҷойи худро дар зиндагӣ пайдо мекунанд ва аллакай ин кори онҳост».