Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои панҷуми осиёиро, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, пас гирифтанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд.

Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишкорони туркман аз номи президент туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive» тақдим карда шуда, вале ин мошинҳоро дубора аз варзишгарон гирифтаанд.

"Баъди тақдими мошинҳо аз варзишкорон хоҳиш карда буданд, ки мошинҳоро як муддат истифода набаранд. Бо гузашти чанде баъд аз Бозиҳои осиёӣ намояндагони мақомот мошинҳоро аз варзишкорон пас гирифтанд", - хабар додааст рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Туркманистон.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17 то 27 сентябр дар Ашқобод доир гардиданд, варзишгарони Туркманистон 245 медал ба даст оварданд, ки 89-тоаш тилло, 70-тоаш нуқра ва 86-тоаш биринҷӣ мебошад.

Аз номи президенти Туркманистон ғолибони Бозиҳо аз Турманистон - бо автомашинаҳои Toyota Camry GL Executive; дорандагони медалҳои нуқра - бо 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ; медалҳои биринҷӣ - бо 3 ҳазор доллар мукофопулӣ ва мураббиёни ғолибону ҷоизадорон - бо автомобилҳои Toyota Camry GL Executive қадршиносӣ шуданд.