Сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон миёнаҳои тирамоҳ сурат хоҳад гирифт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Sputnik Ӯзбекистон, сафари Путин нимаҳои тирамоҳ, эҳтимол моҳи октябр сурат бигирад.

«Вале феълан дар бораи санаи дақиқи он чизе гуфта намешавад. Ҷадвали кории раҳбарони мо ба ҳадде банд аст, ки то охирин лаҳза муайян кардани санаи дақиқи сафаре номумкин аст", - изҳор доштааст сафири Русия дар Ӯзбекистон Владимир Тюрденев.

Гуфта мешавад, Русия дар ҳоли ҳозир, яке аз шарикони муҳими тиҷорӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон аст. Феълан дар Ӯзбекистон беш аз 960 корхона бо сармояҳои Русия фаъолият доранд ва ба ҳисоби коршиносони Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, шумори онҳо то охири сол аз ҳазор адад хоҳад гузашт. Дар Русия беш аз 560 ширкати ӯзбекӣ фаъолият мекунад.

Қайд мешавад, ки Ӯзбекистон аз нигоҳи ҳаҷми табодули мол бо Русия дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мақоми чорум аст. Соли 2017 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 3,6 миллиард долларро ташкил дода, 33,9% афзоиш ёфт.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳҳои январу феврали соли равон ҳаҷми табодули мол миёни Ӯзбекистону Русия 50,2% афзоиш ёфта, ба 600 миллион доллар расид. Ҳаҷми сармояҳое, ки аз Русия ба Ӯзбекистон ворид шудаанд, аз марзи 8,5 миллиард доллар гузашт.