Дар маркази шаҳри Москва шаби 14 ба 15 октябр ҳайкали президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов қомат афрохт.

Дар ин бора бо истинод ба Андрей Морев, раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманкаи Москва Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Вай дар Фейсбук навиштаас, ки насби ҳайкал шабона "таҳти муҳофизати ду автобус ва ду мошини пулис" пинҳон аз чашми сокинон сурат гирифт. "Ҳайкал шабона, бо тарс насб шуд. Агар аз чизе наметарсиданд, пас ҳайкалро рӯзона насб мекарданд", - навиштааст Морев. Раиси Шӯрои вакилони ҳавзаи Якиманка талош дошт, аз гузоштани ҳайкали Ислом Каримов пешгирӣ кунад.

Моҳи январи соли ҷорӣ вакилони ҳавзаи Якиманкаи шаҳри Москва зидди гузоштани ҳайкали Ислом Каримов садо баланд карданд.

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин 1 ноябри соли 2016 дар бораи насби ҳайкали Каримов қарор содир карда буд. Дар қарор гуфта мешуд, ки ҳайкали Каримов то 31 декабри соли 2019 бояд дар ноҳияи Якиманкаи Москва гузошта шавад.

Ислом Каримов аз соли 1989 то лаҳзаи маргаш дар 2 сентябри соли 2016 Ӯзбекистонро роҳбарӣ кард. Вай дар 78-солагӣ вафот кард.