Ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони мулкии Афғонистон, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда буданд, рӯзҳои 12 ва 13 сентябр ба кишвари сеюм бурда шуданд, хабар додааст ба “Фергана” намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов.

“Бар асари рӯйдодҳои маълум дар Афғонистон, як гурӯҳ собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии осоиштаи Афғонистон сарҳади давлатии Ӯзбекистонро ғайриқонунӣ убур намуда, боздошт шуда буданд.

Рӯзҳои 12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони афғони дар қаламрави Ӯзбекистон қарордошта ба дигар кишвар кӯчонида шуданд”, -гуфтааст ӯ тариқи телефон.

Лекин дар бораи шумори афғонҳои кӯчонидашуда ва ба кадом кишвар интиқол дода шудани онҳо намояндаи ВКХ маълумоти саҳеҳ надодааст.

Қаблан зикр гардида буд ки дар урдугоҳ (лагер)-и наздикии Тирмиз тақрибан 500 халабон (лётчик)-и афғон ва оилаҳои онҳо ба сар мебаранд. Ҳамаи онҳо дар рӯзҳои охир ва ҳатто соатҳои қабл аз тасарруфи қудрат дар кишвар аз ҷониби ҳаракати тундгарои Толибон пойгоҳҳои ҳавоии Кобул ва Мазори Шарифро бо техникаи низомӣ тарк карда, ба Ӯзбекистон омаданд.

Бо вуҷуди эълони авф аз ҷониби Толибон барои низомиёни собиқ артиши ҳукумати Афғонистон, халабонҳо ва хешовандони онҳо аз бозгашт ба Афғонистон тарсу ҳарос доштанд.

Бино ба маълумоти баъзе хабаргузориҳо, ИМА тасмим гирифтааст афғонҳоро ба яке аз пойгоҳҳои низомии худ барад. Яке аз ин ҷойҳо пойгоҳ дар пойтахти Қатар Давҳа номида мешавад.

Мувофиқи фарзияи дигар, ин макон пойгоҳи мустақар дар Амороти Муттаҳидаи Араб зикр шудааст.

Ҳамзамон, сарнавишти даҳҳо воҳиди техникаи авиатсионӣ, ки халабонҳои афғон тариқи онҳо кишварашонро тарк кардаанд, номаълум боқӣ мемонад. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, аз 160 ҳавопаймои собиқ нирӯҳои ҳавоии Афғонистон 46-тоаш дар Ӯзбекистон будааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.