Номзад ба мансаби президенӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ва раисҷумҳури кунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев дирӯз, 7 октябр зимни вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё ваъда додааст, ки байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд", - гуфтааст президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон, Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар пандемия қатъ шудааст.