Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар беназмиҳои нимаи аввали моҳи январ дар ин кишвар 227 нафар кушта шудааст.
Дар чанд рӯзи охир дар беморхонаҳои Қазоқистон ду тани дигар аз маҷруҳони бетартибиҳои ибтидои моҳи январи ин кишвар фавтидаанд.
"Дар робита ба фавтидаҳо дар беморхонаҳо: то имрӯз шумори фавтидаҳо ба 177 расид", - гуфт Ажар Гиният, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 18 январ.
Пештар аз ин вазорат аз 175 фавтида дар беморхонаҳо хабар дода буд. Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15 январ иттилоъ дода буд, ки ба сардхонаҳои он кишвар 225 фавтидаро овардаанд. Ба ин тартиб, теъдоди умумии фавтидаҳо дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январи Қазоқистон ба 227 кас расид.
Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод, "дар рӯзҳои бетартибӣ 2739 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхонаҳо муроҷиат кардааст". Аз ин шумор 14 тан дар шуъбаҳои эҳё бистарӣ шудааст.
Рӯзи 2 январ дар Қазоқистон зидди болоравии қимати газ эътироз шуруъ шуд. Ин эътирозҳо тамоми Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, "20 ҳазор террорист" ба шаҳри Алмато ҳамла кард, ки гӯё дар хориҷ омодагӣ дида будаанд. Баъдтар вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, манзур шумори умумии ширкатдорони эътирозҳо дар шаҳр буд. Дар робита ба ин, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ кӯмаки низомӣ дархост кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боздошти 15 нафар барои қасди ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста