Дар Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст.

Дар ин бора вазири рушди рақамии Қирғизистон Талант Имонов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мутахассиси шуъбаи байниминтақавӣ аз вазифа озод ва дастгир гашта, сардори Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Аравон низ аз вазифа озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Чандин корманди департаменти мазкур танбеҳ гирифтаанд.

"Ин қазия таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури Қирғизистон қарор дорад. Дар оянда низ шуморо аз натиҷаи мубориза бо "мафияи шиноснома" огаҳ хоҳем кард", - илова кардааст ӯ.

Вазири рушди рақамии Қирғизистон пештар гуфта буд, шаҳрвандеро дастгир карданд, ки мехост ба Туркия беш аз 100 шиносномаи қирғизиро интиқол диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.