Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 май дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот мекунанд.
Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 100 одам ҷамъ шуда, дар даст лавҳаҳоеро бонавишта "Соҳибкорон зидди ДКН!" ва "Патентро бимонед!" доранд.
"Мо бе ин ҳам андозро се бор, тавассути ширкат, миёнарав ва расид мепардозем. Тариқи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ бори чаҳорум мешавад. Мо ба истифодаи ин дастгоҳҳо омода нестем, бигузор патент боқӣ монад", - гуфт яке аз таҷаммуъгарон.
Рӯзи 30 май як гуруҳ аз оҳибкорони шаҳри Таласи Қирғизистон низ ба нишони эътироз таҷаммуъ кардаанд.
Сокинони Қирғизистон пештар низ зидди роҳандозии дастгоҳҳои мазкур дар бозорҳои "Дордой" ва "Дордой-Моторс" низ тазоҳурот карда буданд.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста