Туркманистону Ӯзбекистон имрӯз аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гармтарин равобитро бо "Толибон" доранд. Ин ду кишвар, аз гузашта, ҳанӯз аз замонӣ пойдор будани ҳукумати Ашраф Ғанӣ тамосҳое бо ин гурӯҳ доштанд, вале бо ба қудрат расидани Толибон равобитро ошкортар карданд.

Нашрияи "8 субҳ" дар як матлаби таҳлилӣ ба далоили гармии равобити ин ду кишвар бо Толибон пардохтааст, ки "Азия-Плюс" онро бознашр мекунад:

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистон ва Туркманистон баъд аз суқути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар 15 августи соли гузашта ба дасти гурӯҳи Толибон, як навъ робитаи дӯстона бо ин гурӯҳ эҷод кардаанд ва аз онҳо ҳимоят мекунанд. Ҳатто Туркманистон аз маъдуд (камтарин) кишварҳоест, ки дипломатҳои “Толибон”-ро дар намояндагии сиёсии Афғонистон дар Ишқобод пазируфтааст. Ин дар ҳолест, ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз ба расмият шинохтани Толибон ба хотири собиқаи террористӣ, сиёсатҳои қавммеҳвар, тундравона ва ифротӣ дар муқобил мазоҳиб, маҳрумсозии занону духтарон аз ҳаққи таҳсилу кор, шиканҷа ва куштори афроди вобаста ба ҳукумати собиқ ва Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, худдорӣ карда, хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ҳастанд.

Чаро Ӯзбекистону Туркманистон сиёсати ҳамдастӣ бо гурӯҳи Толибонро дар пеш гирифтаанд? Саҳм ва манофеи ин ду кишвари ҳамсоя аз тадовуми ҳукумати “Толибон” дар чист? Дар ин навишта ба ду пурсиши фавқ аз баъди сиёсатгузории обӣ (ҳидруполитик)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохта шудааст.

Толибон гурӯҳе аст, ки аз назари идология ҳеҷ нуқтаи муштараке бо кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад: ҳатто дар тазодди фикрӣ ва таърихӣ қарор дорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шолудаи афкори марксистию ленинистие, ки дар душмании мустақим бо афкори ифротии мазҳабӣ қарор дорад, ба вуҷуд омадааст. Баръакс Толибон як гурӯҳи ифротии мазҳабии такқавмӣ аст, ки дастгоҳи ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифи он буда ва ҳамеша ҷунбишҳои исломгаро дар қаламравҳои худро саркӯб кардаанд. Аммо чаро бо гурӯҳи Толибон, ки як ҳаракати ба шиддат ифротӣ ва мазҳабӣ аст, ҳамдаст шудаанд?

Фақат як чиз метавонад кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистонро дар як саффи воҳид бо гурӯҳи Толибон қарор диҳад, ки он моддаи камёби «об» аст. Афғонистон бо кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон се рӯдхонаи муштарак дорад. Ин рӯдҳо аз аҳамияти фавқулодае барои пешрафти иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ ва амнияти ғизоӣ дар кишварҳои мутазаккира бархурдор аст.

Пешрафтҳои нисбатан қобили мулоҳизаи ду даҳаи гузашта дар Афғонистон, занги хатар барои буҳрони об дар кишварҳои фавқуззикр буд. Об ба унвони абзори сиёсӣ тавассути раисҷумҳури қаблии Афғонистон ба шакли ифротии он истифода шуд ва яке аз далоили асосии адами ҳамкории кишварҳои ҳамсоя бо ҳукумати қаблӣ буд.

Вазири хориҷаи барканоршудаи Ӯзбекистон бо раҳбарони Толибон

Бидуни шак давоми ҳукумат қаблӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи ҳамсояҳои Афғонистон, ба хусус Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Покистон, ки истифодакунандагони асли обҳои Афғонистон ҳастанд, набуд. Ба таври мисол, ифтитоҳи Банди Салмо болои Ҳарирӯд, Банди Камолхон болои Ҳирманд, оғоз кори канали инҳирофии Хуштеппа аз рӯди Ому ва пешниҳоди чандин тарҳҳои дигар болои рӯди Кӯкча (дар Бадахшон), ки яке аз муовинони рӯди Ому дар дохили Афғонистон аст, сабаби нороҳатии кишварҳои ҳамсоя шуда буд. Қобили ёдовариаст, ки Толибон аз рӯй ночорӣ ва дармондагӣ бори дувум канали Хуштеппаро ифтитоҳ карданд. Ба бовари ман, канали Хуштеппа бо дарназардошти шароити мавҷуд, ҳаргиз такмил нахоҳад шуд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ инро хуб дарк кардаанд. Бинобарин, онҳо метавонанд бо хотири роҳат аз оби дарёи Ому истифода кунанд ва хабаре ҳам аз буҳрони об дар он кишварҳо нахоҳад буд.

Буҳрони об сабаби муҳоҷирати дастаҷамъии сокинони атрофи рӯди Ому ба кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон мешуд ва имкони хезишҳои мардуме, ки шоҳиди он дар кишвар Эрон ҳастем ҳам мақдур буд. Бинобарин, ин ду кишвар дар ҳамсӯйӣ бо Толибон қарор гирифтанд ва робитаи наздик бо ин гурӯҳ эҷод карданд; фақат ба далели истифода аз манобеи обии Афғонистон.

Ин ду кишвари ҳамсоя дар солҳои ахир барои Толибон мизбонҳои меҳрубон буданд. Дастархонҳои сутург барояшон ҳамвор карданд ва дар зиёфатҳо барои Толибон мусиқӣ ва дунбура навохтанд; чизе, ки аз назари ин гурӯҳ ҳаром аст.

Ба бовари сиёсатгузорони ин ду кишвар, давоми Толибон, давоми истифодаи беқайдушарт аз манобеи обии рӯдхонаҳои Ому, Мурғоб ва Ҳарирӯд аст. Чун кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи истифодаи беравия ва якҷониба ва бидуни дар назар гирифтани ҳаққи истифодаи об аз тарафи Афғонистонро аз се рӯдхонаи мутазаккира дар гузашта доранд.

Абдусаломи Ҳанафӣ, муовини сарвазири Толибон дар Ӯзбекистон

Кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар соли 1992, тавофуқономаеро дар шаҳри Алматои Қазоқистон имзо карданд ва бидуни дар назар гирифтани саҳми Афғонистон аз дарёи Ому, оби онро миёни худ тақсим карданд. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон ба унвони як кишвари болодаст, бахши қобили мулоҳиза оби Омуро таъмин мекунад. Рӯди Ому зарфияти тавлиди 70 миллиард метри мукааб об дар солро дорад, ки 20 миллиард метри мукааби он дар ҷуғрофиёи Афғонистон тавлид мешавад. Бино бар тадовуми чаҳор даҳаи ҷанг, Афғонистон фақат аз миқдори андаке аз оби рӯди Ому истифода мекунад.

Тавофуқномаи Алмато, дақиқан замоне мунъақид (баста шуд) шуд, ки Афғонистон дар миёни дуду оташи ҷангҳои дохилии даҳаи 90 ва ҳокимияти даври аввали Толибон месӯхт ва ҳукумате вуҷуд надошт, ки дар муқобили иқдомоти якҷонибаи ҳамсояҳо аксуламал нишон диҳад. Кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон то тавон доштанд, канал сохтанд ва аз оби рӯди Ому истифода карданд. Бо ин ҳол, рӯйи кор омадани ҳукумати ҷадид бо ҳамкории Амрико ва Ноту ва тадвини плонҳои роҳбурдӣ барои мудирияти об дар кишвар, хобро аз чашмони ҳокимони ин ду кишвар рабуда буд. Онҳо ҳукумати Афғонистонро ба унвони як таҳдиди бузург дар баробари плонҳои дарозмуддати иқтисодишон медиданд.

Бо омадани дубораи Толибон, таҳдидот бартараф шудааст. Акнун ин ду кишвар эҳсоси роҳатӣ мекунанд; Чун медонанд, ки Толибон зарфият ва тавоноии лозим барои плонгузории дарозмуддату роҳбурдӣ, проектҳои иқтисодӣ ва аз ҳама муҳиммтар, имконоти молӣ барои татбиқи онҳоро надоранд. Бинобарин, тадовуми ҳузури чунини гурӯҳе дар Кобул, барояшон муҳим ва ҳаётӣ аст. Онҳо то метавонанд, барои дар қудрат нигаҳ доштан ин гурӯҳ талош мекунанд; ҳатто ба қимати ҷони ҳамзбонон ва ҳамкешони худ дар шимол ва шимолу ғарби Афғонистон ва зер по гузоштани тамом арзишҳо.

Туркманистон дар сафорати Афғонистон дар Ишқободро дар ихтиёри сарпарасти Толибон гузошт

Ӯзбекистону Туркманистон ба унвони ду кишвари ҳамзбон ва ҳамфарҳанг ва ба истилоҳ дӯст, то замоне, ки мутмаин нашванд ҷараёнҳои мухолифаи Толибон, ба хусус Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд метавонанд дар ояндаи Афғонистон ва равобит бо кишварҳо нақш дошта бошанд, таомул нахоҳанд кард. Толибон ҳам ба хотири ҳимояти сиёсӣ ҳозиранд оби Афғонистонро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон бидиҳанд.

Ҷабҳаи муқовамат миллӣ барои исботи ҷойгоҳ худ имрӯз танҳо аст ва агар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистону Туркманистон аз ин Ҷабҳа ҳимоят бикунанд, бидуни шак муқовамат дар самти шимол ва шимолу ғарби кишвар густариш хоҳад ёфт, ки метавонад Толибонро ба чолиш бикшад ва сабаби нобуди ин гурӯҳ шавад. Бо гарм шудан танури ҷанг дар Панҷшеру Андаробҳо, ниёзи мубрам ба густариши ҷанг ба дигар нуқоти Афғонистон, ба хусус вилоятҳои шимол ва шимолуғарбӣ, маҳсус аст. Аммо мавқеияти ҷуғрофиёии вилоятҳои Форёб, Ҷузҷон ва Балх бидуни ҳимоят кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон муқовиматро номумкин ва пурхатар сохтааст.

Дар натиҷа, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистону Туркманистон дар як озмуни сарнавиштсоз ва таърихӣ қарор дошта, фақат ду роҳ дар пеш доранд; ҳамдастӣ бо гурӯҳи Толибон барои манфиати иқтисодӣ ё тақвияти муқовамати миллӣ дар Афғонистон барои ҳифзи арзишҳои муштарак. Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи таърихӣ суъистфода аз вазъияти буҳронии Афғонистон ва истифодаи беқайдушарт аз манобеи обии он, ошкор аст, ки ин ду кишвар ҳамдастӣ бо Толибонро нисбат ба арзишҳои инсонӣ ва демократик барои нафъи иқтисоди худ тарҷеҳ додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.