Ӯзбекистон ба Укроин боз як миқдор кумаки башардӯстона фиристод. Кумаки иборат аз беш аз 19 тонна маводи тиббӣ бо ҳавопаймо ба Словакия интиқол ёфта, сипас ба Закарпатйе фиристода шуд, хабар медиҳад nova24.uz.

Раиси вилояти Закарпатйе Виктор Микита хабар додааст, ки кумак аз 12 навъи антибиотик ва витаминҳо бо шумори зиёда аз 200 ҳазор дона иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, арзиши кумак зиёда аз 1 млн долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, кумаки башардӯстона ба табибони ҳарбӣ, мавзеъҳои задухӯрдҳои низомӣ ва госпиталҳо равона мегардад.

“Ба дӯстон, соҳибкорон ва ризокорон аз Ӯзбекистон барои ёрӣ ва шахсан сафири Укроин дар Ӯзбекистон Николай Дорошенко барои ҳамоҳансгозӣ ва долони пурсамар самимона изҳори миннатдорӣ мекунем”, - навиштааст Микита.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8 апрел низ Ӯзбекистон ба Укроин зиёда аз 34 тонна кумаки башардӯстона фиристода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.