Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов мутмаин аст, ки каме пӯшида нигоҳ доштани маълумоти сафари вазири корҳои хориҷии Эрон ба Тоҷикистон шояд ба масъалаи аз саволҳои нобоби журналистон канор рафтан вобаста бошад.

Шокирҷон Ҳакимов хотиррасон намуд, ки ахиран муносибатҳои миёни Тоҷикистону Эрон қариб дар ҳама соҳаҳо хеле бад шуданд.

- Ин ҳама мухолифат ба нафъи ҳарду кишвар нест. Дипломатҳо тарзу усулҳои дигарро барои ба эътидол овардани вазъи миёни ҷонибҳо истифода мекунанд. Фикр мекунам, ки бо назардошти ин омилҳо, бешак бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дипломатҳо бидуни эълон тасмим гирифтаанд, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мулоқот карда, нахуст роҳу воситаҳоеро дарёбанд, ки ба муколама оид ба масоили мушаххас мусоидат намоянд, то ки бар асоси созишу гузаштҳо ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо барқарор карда шавадн, - мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Сиёсатшинос бар ин назар аст, ки дар ниҳояти кор ҷониби Эрон ба минбаъд дигар худдорӣ варзидан аз ҳама гуна ҳамкориҳо бо ҲНИТ ва дигар сохторҳои марбут ба он розӣ мешавад.

- Ин ҷо дар навбати аввал сари он сухан меравад, ки акнун шояд минбаъд Эрон дигар ба даъвати доираҳои мухолифи Тоҷикистон ба чорабиниҳои гуногуни минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар Теҳрон кӯшиш нахоҳад кард, - қайд кард ӯ.

Ҳамчунин ба ақидаи Ҳакимов, баррасии масъалаи марбут ба даъвоҳои Эрон нисбати Тоҷикистон дар мавриди қазияи «парвандаи Занҷонӣ» низ дар ин вохӯрӣ аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 Эрон изҳор дошт, ки замони президентии Аҳмадинажод ба суратҳисоби қалбакии Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон 2 млрд. 700 млн. доллар гузаронида шуда, баъдан ин пулҳо бедарак шуданд. Баъдтар Бонки миллии Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад кард.

- Бо назардошти танзими ин лаҳзаҳо, барои ташкили вохӯрӣ дар сатҳи сарони кишварҳо бо мақсади барқарор ва густариши ҳамкории дуҷониба замина муҳайё карда мешавад, - афзуд коршинос.