Сиёсатмадори маъруф ва журналист, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки эътирозу бетартибиҳое, ки чанд рӯзи охир як қатор шаҳрҳои бузурги Эронро фаро гирифтаанд, минбаъд идома наёфта, ба наздикӣ ҳукуматдорон тартибу низом дар кишварро барқарор мекунанд.

Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумати вақти Эрон аз тамоми имконоти доштааш, аз ҷумла барои фурӯ нишонидани эътирозҳои оммавии аҳолӣ, ки дар баробари талаботи иқтисодӣ шиорпартоиҳои сиёсӣ низ мекунанд, аз нерӯ низ истифода кунад.

«Теҳрони расмӣ аллакай изҳор намуд, ки эътирозҳои ҳозира дар Эрон аз ҷониби Вашингтон ва иттифоқчиёнаш роҳандозӣ гардида, баҳри интиқом аз Эрон барои дастгирии Фаластин аст. Ин изҳорот ба ҳукумат ва ҷонибдоронаш барои рафтори шадид ҳуқуқ медиҳад», - гуфт коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният дар бораи таҳаввулоти Эрон шуда, бо қироати постҳои эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мӯътаризон гуфтааст, иддаои Эрон дар бораи инки эътирозҳои ин кишвар аз сӯи қудратҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шудааст, "хандаовар" мебошад.

Гуфта мешавад, эътирозҳои кунунии Эрон рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр аз шаҳри Машҳад оғоз шуд ва ба шаҳрҳои дигари Эрон -- аз Кирмоншоҳ гирифта дар Ғарби Эрон то Исфаҳон, Ҳамадон, Язд, Теҳрон ва ҳатто шаҳрҳои хурд сироят кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар эътирозҳои рӯзҳои ахир дар Эрон беш аз 20 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти Эрон ҳамчунин аз боздошти беш аз 450 нафари дигар дар шаҳрҳои мухталифи Эрон хабар додаанд.