Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муддати каме бештар аз як соли сари мансаб омадани сарвари нави давлати ҳамсоя исбот сохтанд, ки дӯстии тӯли асрҳо озмудашудаи тоҷикону ӯзбекон шикастнопазир аст, изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода.

«Сарони кишварҳо ба ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки агар иродаи сиёсӣ, ҳусни тафоҳум, арҷгузорӣ ба мавқеи ҳамдигар бошад, миёни кишварҳо мухолифате вуҷуд нахоҳад дошт, ки роҳи ҳал надошта бошад», - қайд кард ӯ.

Таъкид шуд, ки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аввали моҳи марти соли ҷорӣ сокинони ҳарду кишварро хеле хушнуду руҳбаланд кард.

«Мардуме, ки бо реҷаи раводиду сарҳад ҷудо ва хешону наздикони худро солҳои тӯлонӣ надида буданд, самимона дар ҳаққи сарони давлатҳо дасти дуо мебардоштанд. Бовар дорам, ки сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ - иқтисоду тиҷорат, амнияту соҳаи гуманитарӣ ва муносибатҳои соф инсонӣ сафҳаи нав боз мекунад», - таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳзода зикр кард, ки тибқи баъзе ҳисобу китоб, зиёни расида аз баста шудани алоқаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2011 танҳо барои Тоҷикистон наздики 40 млн. долларро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки гузаштани қатораи нахусти мусофирбари хатсайри Кӯлоб - Маскав тариқи гузаргоҳи «Хошади» (Амузанг) дар марзи кишварҳо санаи 7 март дар назар аст. Роҳ то ин гузаргоҳ барқарору таъмир ва санаи 1 март ба истифода дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.