Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 21 давлати қора ширкат доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 нафар иштирок намуда, ҷои аввал насиби варзишгари Ӯзбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардидааст.

Гуфта мешавад,  ба иттилои Нодирҷон Сафаров – котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов, боз Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

Зикр мегардад, ки Нурмуҳаммади Тоҳир ва Зоирҷон Набиев дар масофаи 200 метр (К-2) ва Зумрад Пирназарова низ ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат гирифтаанд.