Дар шаҳри Душанбе имрӯз мусобиқаи футболи хурдро барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" оғоз мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, аз 20 октябр то 16 ноябр идома ёфта, дар он дастаҳои вазорату идора, ташкилоту муассиса ва сохторҳои пойтахт, дар маҷмӯъ беш аз 40 дастаҳо иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ғолибони мусобиқа бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе", медалу дипломҳо ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

Зимнан зикр мегардад, ки мусобиқа 16-уми ноябри соли равон дар "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъбаст карда мешавад.