Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни ҷавонон дар гурӯҳи «В» оғоз мегардад.

Дар гурӯҳи «В» барои дарёфти роҳхат ба давраи финалии мусобиқа, ки соли оянда дар Малайзия доир мегардад, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Малдив ва Ӯзбекистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Бозиҳо дар варзишгоҳи Ҳисор ва Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешаванд. Ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ба даври финалии чемепионат роҳхат мегиранд.  

Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахаби ҷавонони синни то 19-сола. Мусобиқаи даври интихобӣ.

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум, 31 октябр (сешанбе)

14:00 – Малдив – Шри-Ланка. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Бангладеш – ТОҶИКИСТОН. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм,  2 ноябр (панҷшанбе)

12:00 – Шри-Ланка – Ӯзбекистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

15:00 – Малдив – Бангладеш. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 3-юм, 4 ноябр (шанбе)

12:00 – Ӯзбекистон – Малдив. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 Даври 4-ум, 6 ноябр (душанбе)

14:00 – Бангладеш – Ӯзбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – ТОҶИКИСТОН – Малдив. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум, 8 ноябр (чоршанбе)

14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.