Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои бадрафтории як мухлисаш дар сабқати даста бо "Бенгалуру"  аз ҷониби  Кумитаи назорат ва тафтишоти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)  7 ҳазору 500 доллар ҷарима шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мухлиси бадрафтори тим ҳини бозӣ шишаи пластикиеро ба майдон ҳаво додааст.

Гуфта мешавад, чунин рафтори мухлисони дастаи номдори Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта нашуда, даста барои "меҳмонҳояш" дар сабқатҳо ҷамъоҷамъ 21 ҳазор доллар ҷарима шудааст.

Пештар як мухлиси "Истиқлол" ҳангоми сабқат ба майдони бозӣ баромада будааст, ки барои ин ҳам "Истиқлол"-ро мақомоти интизомӣ 8 ҳазор доллар ҷарима кардаанд.

"Истиқлол" аз мухлисонаш даъват кардааст, ки дар сабқати дарпешистодаи давраи ниҳоии Ҷоми КФО-2017, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.