Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19)  таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии даври охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро ишғол намуда, мустақиман ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони синни то 19-сола роҳхат гирифт, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «В» бо 10 имтиёз зинаи аввалро тими мунтахаби Тоҷикистон, мақоми дуюмро бо 9 имтиёз - Ӯзбекистон, ҷойи сеюмро бо 7 хол - Бангладеш касб карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.