Қаҳрамони ҷаҳон оид ба Самбо Беҳрӯзи Хоҷазодро, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Сочи медали тилло ба даст овард, бо карнаю сурнай садҳо нафар дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол намуданд.

Дар маросими истиқбол раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода низ ҳузур дошт.


Ба гуфтаи раиси Кумита, аз рӯи нишондиҳандаҳои умумии гурӯҳӣ самбочиёни тоҷик аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи чемпионати ҷаҳон зинаи дуюмро касб карданд.

«Бовар дорем, ки пирӯзии Беҳрӯз барои дигар варзишгарони мо баҳри ғолиб омадан дар мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ омили муҳим хоҳад шуд», - иброз дошт ӯ.


Қобили зикр аст, ки ин нахустин ҷоизаи бузурги самбочии 22-сола мебошад, ки касе пешгӯӣ карда наметавонист. Гуштигир дар вазни то 74 кило қувваозмоӣ кард.