Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар дод, ки минбаъд ташкили гурӯҳҳо дар муассисаҳои варзишии давлатӣ аз рӯи навъҳои бокси касбӣ, греплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFС, MIXFIGHT), муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, ню-фулл контакт ва панкратион манъ мешавад.

Чӣ омиле ба қабули ин қарор боис шуд ва он то кадом андоза дуруст аст?

Доир ба ин масъала варзишгарони маъруфи тоҷик ва коршиносони соҳа ба «Азия-Плюс» изҳори назар карданд.

Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ оид ба гурзпартоӣ, муовини раиси Кумита:

- Барои мо рушди навъҳои олимпӣ, миллӣ ва навъҳои писандидаи ғайриолимпии  варзиш зарур аст. Варзиш бояд аҳамияти тарбиявӣ ва фарҳангӣ дошта, набояд бо мақсади хушунату зӯроварӣ истифода шавад.

Баҳриддин Сироҷов, президенти Федератсияи муҳорибаи универсалӣ:

- Агар дар муассисаҳои давлатии варзишӣ навъи моро манъ карда бошанд, ин маънои ҳалокати федератсияи моро дорад. Мо дар тамоми минтақаҳо гурӯҳҳо дорем ва бо иштироки онҳо мусобиқа мегузаронем.

Мехоҳам қайд кунам, ки мураббиёни федератсияи мо бо кӯдакони синни то 14 сола машғулиятҳоро бидуни муҳориба мегузаронанд, яъне дар ин синнусол навъи варзиши мо ба бозиҳое чун «Офарин» ва ғайра монанд аст.

Аз синни наврасӣ онҳо ба муҳорибаҳои тан ба тан мегузаранд, ки ин ҷо ягон зӯроварӣ вуҷуд надорад. Умедворам, ки бо Кумита ба мувофиқа омада, гурӯҳҳои моро боқӣ мегузоранд, вагарна мураббиён бекору кӯдакон дар кӯча мемонанд. Гузаштан ба дигар навъи варзиш ва оғоз аз сифр барои онҳо мушкил аст.

Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ:

- Ман тарафдори зебогии варзишам, на таҷассуми қувваи дурушт. Варзиш бояд ба мардум солимӣ орад. Ба мо рушди навъҳои олимпии варзиш ва дигар навъҳо, ки ба барномаи Бозиҳои осиёгӣ дохиланд ё аҳамияти тарьбиявӣ, тиббӣ ва ахлоқӣ доранд, зарур мебошад.

Оё манъи онҳо дар саросари кишвар лозим аст? Ба фикрам не, чунки ин поймолкунии ҳуқуқи инсон аст. Шахсе, ки ба гурӯҳҳои варзиши муҳорибавӣ меравад, медонад, ки ба куҷо меравад ва ин интихоби ӯст.

Ман ба дастгирии давлатӣ ба ин навъи варзишҳо мухолифам, вале агар дар шакли тиҷоратӣ ё ихтиёрӣ бигзор бошад. Хоҳ нохоҳ ба муҳориабҳои гуногун машғул шудани ҷавононро манъ карда наметавонӣ.

Бигзор давлат варзиши олимпӣ ва оммавиро дастгирӣ намояд. Ин ҷо чун дар тиб аст - тибби расмӣ ва халқӣ мавҷуд аст. Ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки ба навъҳои варзишие чун камонварӣ, шиноварӣ, варзиши сабук ва ғайра, ки дар онҳо варзишу фарҳанг паҳлӯи ҳаманд, машғул шаванд.

Ширин Мамадсафоев, собиқ котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон:

- Барои қабули чунин пешниҳод далелҳои муътамад зарур буда, ба гунаи мисол метавон ба маълумоти омории ВКД рӯ овард,  то ки аз ҷониби намояндагони ин ё он навъи варзиши манъмешуда чӣ миқдор ҷиноят содир карданро муайян кард.

Солҳои 80-уми замони шӯравӣ машқи гурӯҳҳои каратэ-ро манъ карданд, лекин онҳо пинҳонӣ фаъолият намуда, шумори пайравонашон бештар шуд. Аз ин рӯ, ҳамаашро чандин маротиба мебояд ба тарозуи ақл баркашида, баъд сари қароре омад.

Ҷорӣ кардани маҳдудияти синну сол беҳтар аст, масалан ба ҷавонони синни то 21-сола манъ кардани машқҳо оид ба муҳорибаҳои ҷангӣ. Дар робита ба муҳорибаҳои ба истилоҳ бидуни қоида бошад, дар ин навъ роҳандозии маҳдудиятҳои қатъӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Шуҳрат Неъматуллоев, президенти Федератсияи бокси касбӣ:

- Барои манъи бокси касбӣ асосҳо мавҷуд нестанд. Аввалаш чунин навъи варзиш вуҷуд надорад, танҳо бокс мавҷуд аст, ки навъи варзиши олимпӣ буда, дар Тоҷикистон анъанаҳои хуб дорад. Ғайр аз ин, ба варзишгарони навъи бокси касбӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ иҷозат дода шудааст.

Дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Ӯзбекистон аз рушди бокс дар сатҳи касбӣ истиқбол намуда, барои дастгирии он барномаҳои дахлдор қабул шудаанд.

Манъи ин навъи варзиш лозим нест, баракс онро дастгирӣ мебояд кард, то ки ҷавонон бештар ба варзиш рӯ оранд. Агар ин пешниҳод қабул шавад, мо бори дигар дар арсаи байнулмилалдӣ мавриди хандаву истеҳзо қарор мегирем.

Дар дигар навъҳои муҳорибаҳои ҷангӣ воқеан ҳам мушкилот вуҷуд дошта, Кумитаи варзиш ҳамчун мақомоти салоҳиятдор метавонад баргузории мусобиқаҳо дар ин самтро зери назорату танзим гирад ва ҷое маҳдудият ҳам ҷорӣ намояд, то ки амалҳои бераҳмӣ ва зӯроварӣ камтар ҷой дошта бошанд.

Агар ин навъҳои варзиш манъ карда шаванд, онҳо боз ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта,  танзими он душвортар мешавад.