Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба масъалаи “Дар бораи тасдиқи намудҳои варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил намудани гурӯҳҳо манъ мебошанд” мизи мудаввар баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Кумита, дар мизи мудаввар қатъи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба 9 намуди варзиш: бокси касбӣ, греплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFС, MIXFIGHT), муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, ню-фулл контакт ва панкратион, ки минбаъд ташкили гурӯҳҳо аз рӯи ин намудҳо дар муассисаҳои варзишии давлатӣ манъ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумита дар ин робита изҳор доштааст, ки фаъолияти ин намудҳо дар қаламрави кишвар пурра манъ намешавад, зеро он танҳо барои муассисаҳои варзишии давлатие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, нигаронида шудааст.

Дилшод Назаров, муовини раиси Кумита иброз доштааст, ки Кумита тасмим гирифтааст он намудҳои варзише, ки фаъолияташон дар мактабҳои варзишии давлатии кишвар қатъ гардидааст, маблағи онҳоро тибқи низомномаи мактабҳои варзишӣ аз ин пас 70% ба намудҳои олимпӣ, 15% ба намудҳои ғайриолимпӣ ва 15% ба намудҳои миллӣ гузаронида мешаванд.

«Дар аксари мактабҳои варзишӣ шумораи намудҳои ғайриолимпӣ аз варзишҳое, ки вориди Бозиҳои олимпиаанд, хеле зиёд аст, - гуфтааст Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумита. - Ин боиси он гардидааст, ки аксар наврасони мо шефтаи варзишҳои якҳарбаҳои шарқӣ шуда, ба намудҳои варзиши миллию олимпӣ камтар таваҷҷуҳ намоянд.

Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 дар ин робита иброз доштааст: “Дар баробари он ки ин намудҳо дар мактабҳои варзишии давлатӣ баста мешаванд, мо бояд кори мураббиёне, ки дар клубҳои шахсӣ аз ин намудҳо тамрин медиҳанд, назорат кунем. Зеро имрӯз теъдоди мураббиёне, ки мактаби мураббигиро нагузаштаанд, зиёд шудааст. Ҳамаи онҳо ҷавонону наврасонро дар таҳхонаву клубҳои варзишӣ, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд, ҷамъ намуда ба онҳо дарси муштзаниро меомӯзанд. Мушт задан низ қоидаҳои махсус дорад. Дар ҳоли нагирифтани сади роҳи чунин мураббиён, мо наметавонем варзишгари солим ба воя расонему ҷомеаро ба воситаи варзиш солим гардонем”.

Маҳмадовуд Одинаев, сармураббии гӯштини миллӣ, тавре изҳор намуд, «тибқи оморе, ки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуд, 816 нафар дар натиҷаи чунин латхӯриҳо маъюб гардидаанд. Сабаби асосии ин дар он аст, ки мураббиёни онҳо мутахассис нестанд. Онҳо аз кӯчаи варзиш нагузаштаанд. Онҳо дар хориҷа муштзанӣ мекунанду ба қавли худашон, бо пояс (камарбанд) бармегарданду мактаби худро ташкил мекунанд ва аксари онҳо бештар наврасони оворагардро ҷамъ мекунанд, ки бо якдигар муштзанӣ кунанд. Мақсади он ҷавонон низ ба хотири дар кӯча обру пайдо кардану як нафаро мушт задан аст. Хуб мешуд, ки аз ин намудҳо дида гӯштини миллиро миёни ҷавонон тарғиб кунем».