Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми марти соли оянда дар майдони худ шуруъ мекунад. Рақиби қаҳрамони Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти плей-офф мешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мавриди агар ғолиби Ҷоми Тоҷикистон - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, онгоҳ «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март муқобили хуҷандиҳо бозӣ мекунад.

Ба ҷуз «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот қаҳрамони Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд. Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд.

Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 аз даври плей-офф шуруъ менамояд. Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон мегардад.

Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-218 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҳамчунин дар ин робита Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рейтинг ё феҳрасти нави техникӣ ё фанниро эълон кард, ки маҳз бар асоси ин рейтинг квотаҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои бошгоҳии AFC дар солҳои 2019-2020 тақсим карда мешавад.

Тоҷикистон дар рейтинги нав бо 30,433 имтиёз дар байни 46 федератсияи миллии AFC ҷойгоҳи 12-ум ва дар минтақаи “Ғарб” мақоми 7-умро касб кардааст, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 мушарраф шавад. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон-2018 ҳуқуқи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019-ро аз марҳилаи пешакӣ ба даст меорад.

Дар мавриди агар қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёбад, онгоҳ дар Ҷоми AFC-2019 ҷоизадорони нуқра ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 иштирок мекунанд. Агар бошгоҳи зӯртарини Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфта натавонад, онгоҳ ширкати худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки барои гирифтани иҷоза ҷиҳати ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 қаҳрамони Тоҷикистон бояд аз тасрифоти ҳатмии парвона ё литсензия гузарад. Бошгоҳ бидуни парвона ба мусобиқоти асосии бошгоҳии Осиё роҳ дода намешавад.