Дар Душанбе мусобиқаи финалӣ барои дарёфти аввалин Ҷоми киберспорт (варзиши компютерӣ)-и Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи хоҳишмандон имкон доштанд, ки дар Қасри ҷавонон тариқи онлайн ин мусобиқаро тамошо кунанд.

Иштирокчиёни мусобиқаи финалӣ аз миёни 600 нафар довталабон аз саросари кишвар интихоб шуда, дар навъи Dota2 тими «Keepers of Abyss» зинаи аввал ва дастаи «Nakazat» мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Дар навъи FiFA Фирӯз IB Иброҳимов ғолиб омада, ҷойидуюм насиби Фируз Firuz.S Сафаров шуд. Дар мусобиқаи ғайрикасбӣ оид ба Dota2 (1+1), ки байни ду марҳилаи асосии финал гузаронида шуд, Анвар Invictus Нуралиев пирӯзӣ ба даст овард.

1/17

Фонди ҷоизаҳои аввалин Ҷоми киберспорт дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Мегафон Тоҷикистон» маблағгузорӣ шуд.

«Умедворем, ки ин мусобиқаи аввалин ба муносибати касбиву рушди киберспорт дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад ва бо дастгирии минбаъдаи ҳукумати пойтахт ва Маркази ҷавонон ба муҳайё шудани шароит баҳри рушди касбии варзишгарони киберспорт, ки аллакай ояндаи наздик метавонанд Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ба таври арзанда муаррифӣ кунанд, мусоидат мекунад», - иброз дошт ақидаи худро ташкикунандаи ин мусобиқа, муассиси портали esports.tj Усмон Аҳмедов.

Дастандаркорони чорабинӣ ба Кибер клуб «Радной», ширкати «NextView» ва портали esports.tj ва шарикон: Samsung Electronics, «МегаФон Тоҷикистон», «Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», Кинотеатри «Кайҳон», Шарики иттилоотӣ - Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва шарикони техникӣ - ширкати «Вавилон-Т» ва мағозаи «Техника» изҳори сипоси беандоза мекунанд.