Нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Алиев ба ҳайати тими «Насаф»-и Қаршӣ даъват шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тими «Насаф»-и Қаршӣ соли гузашта дар мусобиқоти Лигаи олии футболи Ӯзбекистон зинаи дуюмро ишғол кард.

Гуфта мешавад, айни замон Ҷаҳонгир Алиев дар ихтиёри дастаи «Насаф» қарор дошта, аз озмоиш мегузарад ва аллакай дар тамринҳои ҳайати дастаи наваш якчанд маротиба иштирок кардааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Ҷаҳонгир Алиеви 21-сола дар дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2012 ва 2014) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (солҳои 2013 ва 2015) бозӣ карда, аз соли 2016 дар дастаи “Истиқлол” ба ҳайси нимҳимоятгар ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон низ бозӣ карда, феълан узви тими миллии кишвар мебошад.

Зикр мегардад, ки қаблан се бозигари дигари “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии ҷумҳурӣ – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев – барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Индонезия бо бошгоҳҳои ин кишвар қарордоди яксола ба имзо расонида буданд.