Ҳамлагари русиягии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони амалкунандаи Тоҷикистон Дмитрий Барков ба тими «Локомотив»-и Тошканд даъват шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ҳамроҳ бо тими қаҳрамони футболи Ӯзбекистон Дмитрий Барков ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба тамринҳои омодагӣ рафт. «Локомотив», ки ба мавсими нави Лигаи чемпионҳои Осиё фаъолона омодагӣ мегирад, дар Дубай чор вохӯрӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш боз як футболбози дастаи «Истиқлол», нимҳимоятгар Ҷаҳонгир Алиев дар ҳайати дастаи «Насаф»-и Қаршӣ барои озмоиш ва тамринҳои омодагӣ ба Туркия раҳсипор шуд.

Ҳамчунин қаблан боз се бозигари дигари “Истиқлол” ва дастаи мунтахаби кишвар – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев  бо дастаҳои футболи Индонезия қарордод баста, феълан дар мусобиқоти чемпионати ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.