Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ карда, дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Корея сафар кард.

Гуфта мешавад, Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат намуда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ менамоянд.

Қайд мешавад, ки ки Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” барои тамрини варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имконияташон маҳдуд, тамоми шароитро муҳайё кард ва барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад.

Дастаҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Гурҷистон низ дар таърих аввалин маротиба иштирокчии бозиҳо мегарданд.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пйонгчанги Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад. Барои иштирок дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Ба 3 дастаи калонтарин ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) дохиланд.