Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, 5 медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат карданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар вазни -60 кг намояндаи Тоҷикистон Қувватов Муҳаммадризо сазовори медали тилло шудааст.

Гуфта мешавад, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни -55 кг миёни писарон медали нуқра ба даст оварданд. Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки акнун варзишгарони ҷавони кишвар ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.