Бозиҳои навбатии варзишии Тоҷикистон-2018, ки аз рӯи 11 навъи варзиш доир гардиданд, ба итмом расиданд. Дар доираи ин бозиҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар мусобиқаҳо баргузор шуданд.

Дар мусобиқаи дзюдо дар Гулистон Шакармамад Мирмамадов (+100 кг),  Саидҷалол Саидов (100 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг),  Акмал Муродов (81 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (73 кг), Ёқубҷон Боқиев (66 кг), Суҳроб Боқиев (60 кг) ғолиб омаданд.

Дар шаҳри Турсунзода дар мусобиқаи таэквондо WTF миёни духтарон Меҳрубон Сафарова (+67 кг), Манижа Маткаримова (67 кг), Шаҳризода Ҷабборова (57 кг) ва Гулистон Каландарова (49 кг); байни наврасон Гулмурод Сафаров (+87 кг), Фарҳод Неъматов (87 кг), Саидавлиё Саидов (80 кг),  Хуррам  Меҳтаршоев (74 кг), Баҳром Холов (68 кг), Муҳаммадҷон Суннатов (63 кг), Шоҳрух Баротов (58 кг), Муҳаммадзиё Каримов (54 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи баскетбол мунтахаби занони вилояти Суғд ва мунтахаби мардони Душанбе пирӯз шуданд. Наврасони Душанбе ҳам байни писарону ҳам байни духтарон дар мусобиқаи волейбол дастболо шуданд.

Дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ қайд карданд, ки Бозиҳои варзишӣ марҳилаи хуби омодагӣ ба мусобиқаҳои муҳими байнулмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Индонезия маҳсуб меёбанд, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон маротибаи чорум аст, ки баргузор шуда, мусобиқаи муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ дониста мешаванд. Ҳадаф аз баргузории Бозиҳо дарёфти варзишгарони ҷавони болаёқат ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.