Дар Рӯзи дави миллӣ, ки санаи 20 май дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир гардид, беш аз 96 ҳазор нафар иштирок карданд, ки миёни онҳо аз кӯдакони синни томактабӣ то нафақахӯрон ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии варзишии Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори ширкат варзиданд.

1/6

Гуфта мешавад, чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, дар саросари кишвар дар Рӯзи дави миллӣ дар маҷмӯъ 436,6 ҳазор нафар тоҷикистониён, аз ҷумла 124,6 ҳазор нафар занон ширкат варзида, шумори бештари онҳо дар шаҳри Душанбе - беш аз 45 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст.

Дар масофаи 10 километр миёни мардон донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ Меҳрубон Шамсиддинов ва байни занон донишҷуӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Салима Боронова ғолибият ба даст оварда, ба онҳо туҳафҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.