Дар бозии асосии даври дуюми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе 8500 нафар тамошобинон шоҳиди бозии шавқовар шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аллакай то дақиқаи 24-ум меҳмонон ду тӯбро ворид дарвозаи мизбонон намуда, дар идома хуҷандиҳо дар зарфи 4 дақиқа ҳисобро баробар карданд, вале ба душанбегиҳо муяссар шуд, ки қисми аввали бозиро ба фоидаи худ - бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом диҳанд.

Гуфта мешавад, дар қисми дуюми бозӣ бо дастгирии мухлисон ба футболбозони «Хуҷанд» муяссар шуд, ки боз ду тӯби дигарро ба ҳадаф расонида, бар душанбегиҳо бо ҳисоби 4 бар 3 дастболо шаванд.

1/9

Зимнан зикр мегардад, ки баъди ин ғалаба «Хуҷанд» бо касби 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифта, «Истиқлол» аз хуҷандиҳо се имтиёз камтар ва як бозии мавқуфгузошта дорад. Рақобат байни «Хуҷанд»-у «Истиқлол» барои дарёфти медали тиллои мусобиқа шадидтар мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон

 

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

21-10

23

2

«Истиқлол» (Душанбе)

9

6

2

1

17-10

20

3

«Хатлон» (Бохтар)

9

4

1

4

11-10

13

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

9

3

3

3

9-12

12

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

2

5

1

12-13

11

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

2

3

4

12-13

9

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

9

1

3

4

5-12

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

9

1

1

7

4-11

4

                 

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.