Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 имтиёзи имконпазир дар мусобиқаи «А» дар Ҷоми раиси шаҳри Мумбаи пирӯзӣ ба даст овард. Намояндаи Нидерланд Роланд Прюйссерс низ ҳамин миқдор хол гирифта, имтиёзи боз нуҳ иштирокчиён нимхолӣ пасттар аст.

Шоҳмотбози дуюми Тоҷикистон аз рӯи рейтинг Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо касби 6,5 хол миёни 256 нафар иштирокчиён зинаи 29-умро ишғол намуд.

Тавре нашрияи The Times of India менависад, соли гузашта Фаррух Амонатов дар ин мусобиқа мақоми дуюмро касб карда буд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ба ҳамаи иштирокчиёне, зинаҳои аз 1 то 10-умро ишғол мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад. Ба ғолиб 3,3 млн. рупий мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Маълумотнома: Фаррух Амонатов 13 апрели соли 1978 таваллуд шудааст. Қаҳрамони Осиё байни наврасон (1992), чандин карат қаҳрамони Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои «Москва-Опен», «Владимир-Опен». Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба дар Олимпиадаҳои шоҳмот - солҳои 1996, 1998, 2002, 2006, 2010 ва 2012 иштирок кардааст. Гроссмейстери байнулмилалӣ аз соли 2002.