Шутур Маря аз Боғи ҳайвоноти Душанбе ғалабаи тими мунтахаби Франсияро дар бозии чаҳорякфиналӣ бо Уругвай пешгӯӣ кард.

Дар Боғи ҳайвоноти пойтахт шутуре бо номи Маря қобилияти пешгӯӣ кардани рӯйдодҳоро дорад. Мо тасмим гирифтем, ки пеш аз бозиҳои муҳим пешгӯии ин шутурро гирем. Маря яке аз зарфҳои хӯрок бо навиштаҷоти номи дастаҳоро интихоб мекунад.

Дар пешгӯии бозии нахустини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Русия ва Арабистони Саудӣ ӯ зарфи сабзидорро интихоб кард, ки дар он парчами Русия часпонида шуда буд. Ӯ ғалабаи Русияро пешгӯӣ намуд, ки дуруст баромад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.